Мулоқоту музокироти Тоҷикистон ва Тотористон баргузор гардид
Нашр шуд. Пан, 22/02/2024 - 23:30
22 феврал дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористон баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот ба Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба сатҳи баргузории мусобиқаи байналмилалии омехтаи

Бо иштироки қариб 10 ҳазор ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт ҷиҳати ҳамовозӣ ва ҷонибдории пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол тариқи қабули Қатъномаи махсус аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамоиш ва роҳпаймоӣ доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дигар сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар шаҳри Қазон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда”, ки дар маҷмааи намоишии “Казан ЭКСПО” аз 21 феврал то 3 марти соли равон баргузор мегарданд, иштирок намуданд.
21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.



