Ахбор

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

28 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласаи Шуро 15 масъала

Соли 2024 дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ эълон шуд

Дар асоси қарори Раиси  шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ эълон гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе.

Ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ташаббуси «900 рӯзи

САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО. Шаҳри Душанбе мизбони «Grand Slam» мегардад

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе соли 2024 мизбони яке аз мусобиқаҳои Сайри ҷаҳонии ҷудо — «Grand Slam Dushsnbe» мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дар ҳамоҳангӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷудо шуруъ аз соли 2024 пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе мизбони яке аз мусобиқаҳои Сайри ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam» мегардад.

Аввалин мусобиқаи байналмилалии «Grand Slam Dushsnbe-2024» 3-5 май ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023  нахусти маротиба  дар пойтахти Тоҷикистон  «Dushanbe Grand Prix 2023» баргузор гардид, ки дар он ҷудочиёни 40 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ дар садри ҷадвали ниҳоии мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023» қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки пеш аз Бозиҳои олимпии Париж -2024 дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» беҳтаринҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омада, барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ талош менамоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ баргузор намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин дигар масъалаҳои ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд.

Дар машварати корӣ, ки бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералӣ, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ ва дигар мақомоти марказии давлатӣ баргузор шуд, масоили вобаста ба татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус таъмини волоияти қонун ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ таҳлилу баррасӣ шуд.

Страницы