Ахбор
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи телевизион ва радио рушд меёбад
Нашр шуд. Чор, 06/03/2024 - 11:44Имрўз раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардид.
Нахуст раиси Кумита Саид Нуриддин Саид доир ба фаъолияти телевизиону радиоҳои Тоҷикистон мухтасар маълумот дода, таъкид дошт, ки имрӯз муносибатҳои ҳасанаи ҳарду ҷониб, ки бо шарофати талошҳои роҳбарияти олии давлатҳоямон фароҳам омадааст, заминаву имконоти васеъи рушду равнақи ҳамкориҳои соҳавиро ба вуҷуд овардааст. Зикр шуд, ки ҷонибҳо метавонанд дар самти омӯзишу табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандон, баргузории семинару конфронсҳои соҳавӣ, тайёр кардани мутахассисони эҷодию техникӣ ҳамкории самарабахш намоянд.
Дар навбати худ Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён омодагии кишварашро дар густариши ҳамкориҳо дар соҳаи телевизион ва радио таъйид намуда, изҳор дошт, ки баҳри татбиқи ин ҳадафҳо талош хоҳад кард.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Чор, 06/03/2024 - 08:40ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни
ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати
ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии
шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.









