Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Хорватия Зоран Миланович барқияи табрикӣ ирсол намуданд

16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Хорватия муҳтарам Зоран Миланович барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимӣ ва таманниёти неки инҷонибро ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Хорватия қабул фармоед.

Пирӯзии Шумо дар интихобот гувоҳи боризи ҷонибдории шаҳрвандони кишваратон аз сиёсати пешакардаи Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии Хорватия ва таҳкиму тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистон ва Хорватия бо талошҳои муштараки мо минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон рушду тавсеа хоҳанд ёфт.

Омодагии хешро ҷиҳати пешбурди ин раванд ва идомаи муколамаи созандаи байнидавлатии кишварҳоямон иброз менамоям.

Ба Шумо саломатии комил ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми Хорватияи дӯст сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу менамоям».

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

16.01.2025, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Дар оғоз бори дигар ташрифи меҳмони гиромӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ва ҳайати ҳамроҳашонро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям.

Мо таваҷҷуҳи хоссаи Ҷумҳурии Исломии Эронро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр мекунем.

Музокироту вохӯриҳои имрӯза мисли ҳамеша дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ сурат гирифтанд.

Дар ҷараёни мулоқоти хосса ва васеъ бо иштироки ҳайатҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар фарҷоми музокирот як силсила санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду ҷонибро такмил медиҳанд.

Ҷониби Тоҷикистон натиҷаҳои муколамаи имрӯзаи сатҳи олиро баланд арзёбӣ мекунад.

Итминон дорам, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда барои идомаи густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

Мо ҷонибдории худро аз идомаи муколамаи созандаи сиёсии байни ду давлат дар сатҳҳои мухталиф иброз доштем.

Кишвари мо аз густариши равобити байнипарлумонӣ, табодули сафарҳои расмии роҳбарони парлумонҳои ду кишвари дӯст ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори ризоият намуд.

Ҳамзамон бо ин, таъкид гардид, ки соҳаҳои тиҷорату иқтисод аз ҷумлаи самтҳои дорои авлавият дар муносибатҳои дуҷонибаи мо маҳсуб меёбанд.

Изҳороти матбуотии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён пас аз мулоқоту музокирот ва маросими имзои санадҳо барои воситаҳои ахбори умум нишасти матбуотӣ оростанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва раванди таҳкиму густариши робитаҳои Тоҷикистону Эрон дар ҳамаи ҷанбаҳои мавриди назар изҳори қаноат карданд. Аз ҷумла, аз лағви низоми раводид миёни ду кишвар истиқбол намуда, таъкид доштанд, ки ин иқдом барои густариши робитаҳо дар ҳамаи самтҳо судбахш хоҳад буд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар навбати худ аз фазои гарми истиқболу меҳмоннавозии ҷониби мо ва ҷараёни нахустин боздидашон аз Тоҷикистон, ки ба унвони сафари давлатӣ сурат мегирад, баҳои баланд дода, изҳори бовар намуданд, ки татбиқи натиҷаҳои он барои ҳарду ҷониб пурсамар хоҳад буд.

Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади  нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд.

Дигар санадҳои имзошуда инҳоянд:

— Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Барномаи иҷрои ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳор;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ ва муосир;

— Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои давраи солҳои 2025-2027;

— Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

Страницы