Ахбор

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон оғоз мешаванд

Имрӯз, 3 апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон оғоз мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин иқдом бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангӣ байни ду давлат гирифта шудааст.

Тибқи барнома, ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва консерти устодони санъати Туркманистон 3 апрел, соати 16:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Ҳамчунин дар ҳошияи ин рӯзҳо 4 апрел, соати 10:00 ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Дар идомаи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон 4 апрел барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад.

Иштирокчиёни рӯзҳои фарҳангӣ 5 апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаи фарҳангиашонро манзури тамошобинон мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон 5 апрели соли 2024 анҷом меёбанд.

АМИТ «Ховар»

Наврӯз-ҷашни хуррамию шодӣ!

Истиқболи гарму самимӣ аз ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Кумитаи телевизион ва радио

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор шуд.

Дар ҳамоиши наврӯзӣ роҳбарияти кумита, масъулону доираи васеи кормандони шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва дигар зерсохторҳо иштирок намуданд.

Нахуст роҳбарияти кумита аз хони наврӯзӣ, ҳафт шину ҳафт син, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, гулдузӣ, анвои нонию қаннадӣ ва дигар дастовардҳо дидан карданд.

Дар идома раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрику таҳният  гуфта, Зикр доштанд, ки имрӯзҳо тантанаҳои ҷашни Наврӯзи бостон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса идома дошта, сокинони сарбаланди диёри азизамон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, ойини милливу мардумӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ, соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд.

Наврӯз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 аз ҷониби СММ ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз - ҷаҳонӣ шудани фарҳангу тамаддуни миллати тамаддунофари мо мебошад.

Раиси кумита иброз намуданд, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва як ҷузъи зиндагиву ҷаҳонбинии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ниёгони мо ҳанӯз аз замонҳои бисёр қадим рӯзи аввали солшумории шамсиро рӯзи нахустини баҳор, бедоршавии табиат, оғози киштукор ва такмилу танзими олам медонистанд.

НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад

Наврӯз ҷашни оғоз аст, оғози оғозҳост. Ҷашни офариниш, ҷашни зодрӯзи Замин, зодрӯзи  инсон, зодрӯзи Хуршед, яъне ҷашни ҷашнҳо аст.

Наврӯз ҷашни эҳё аст, ҷашни тавлиди нур ва рӯшноӣ. Ҷашни зебоӣ, ҷашни шеъру суруд, ҷашни савту дуруд, ҷашни нишоту сууд.

Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба амали террористие, ки 22 март дар Маҷмааи «Крокус Сити Холл» содир шуда буд, дар китоби таъзия аз номи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзо изҳори ҳамдардӣ навишт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Страницы