Ахбор

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла

23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла мулоқот карданд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Президенти Италия “Квиринал” баргузор шуд.

Меҳмони олимақом - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни Қасри “Квиринал” Президенти Ҷумҳурии Италия самимона истиқбол гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Италия дар болои қолин қарор гирифтанд ва сурудҳои миллии ду кишвар садо дод.

Дар ин маврид дар болои боми Қасри “Квиринал” парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бардошта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд

22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафараш ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд

22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд

20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори «Рӯзи пойтахт» дар ноҳияи Фирдавсӣ меҳмонхонаи панҷситорадори «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Бинои хуштарҳу замонавӣ аз 9 ошёна иборат буда, бо сабку усули хоси меъморӣ бунёд ёфтааст ва мутобиқи талаботи муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Страницы