Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин замина масоили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ба таври муфассал муҳокима гардид. Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо оид ба бештар фаъол гардонидани кор дар ин самт дастурҳои дахлдор дода шаванд.

Сарони ду давлат, ҳамчунин, ҳамоҳангии наздики сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро ҷиҳати мубориза бо терроризм, экстремизм ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳамзамон муҳим будани тақвияти минбаъдаи ҳамкории онҳоро таъкид намуданд.

Президентҳо, инчунин, оид ба масоили алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Ҷонибҳо, дар баробари ин, ҷадвали мулоқотҳои наздики дуҷонибаро ҳамоҳанг намуданд.

Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин аз Пешвои миллат даъват кард, то дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба, ки дар шаҳри Москва баргузор хоҳад шуд, иштирок намоянд.

Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Президенти Тоҷикистонро оид ба эълони Рӯзи байналмилалии морхӯр якдилона қабул намуд

2 май  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии морхӯр тариқи қатъномаи дахлдор якдилона қабул намуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Меҳвари асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба оид ба рушди нақлиёти шаҳрӣ, барномаҳои сармоягузорӣ ва афзоиши иқтидори шаҳр, фароҳамсозии шароит баҳри бунёди ояндаи беҳтару устувор барои шаҳри Душанбе ва сокинони он, сохтмони роҳу эстокадаҳо ва дигар самтҳои барои ҳарду ҷониб муфид ташкил дод.

Раиси шаҳри Душанбе ва Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамчунин мавзуъҳои марбут ба ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои нав баррасӣ намуданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкории баҳри ҳарду ҷониб муфидро дар соҳаҳои барои тарафайн мусоид идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро амалӣ намоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Беткеновро ба ҳузур пазируфтанд

 30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Беткеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмӯи масоили дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.

“Боиси хушнудист, ки шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар тамоми соҳаҳо босуръат густариш меёбад ва мо манфиатдорем, ки заминаи хамкории ду кишвар минбаъд ҳам мустаҳкам шавад”, – изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.

Олжас Беткенов дар навбати худ чунин изҳор дошт: — “Дар Қазоқистон нақши Шуморо ҷиҳати ташаккул ва рушди муносибатҳои ду кишвар баланд арзёбӣ менамоянд. Тоҷикистонро мо шарики боэътимоди стратегӣ ва ҳампаймон медонем, байни кишварҳои мо ҳеҷ масъалаи ҳалношуда набуд ва нест, ҳамаи онҳо дар руҳияи ҳампаймонӣ ва бародарӣ ҳал мешаванд”.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, молиявию бонкӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ муҳокима карданд.

Таъкид гардид, ки дар соли гузашта гардиши мол миёни кишварҳо ҳудуди як миллиарду яксаду панҷоҳ миллион долларро ташкил дод ва барои боло бурдани ин нишондод тадбирҳои муштарак андешидан лозим аст.

Страницы