ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Нашр шуд. Чор, 26/06/2024 - 15:2726-уми июни соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид баргузор гардид. Дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони раиси Кумита Дилафрўз Рустамзода, Суҳроб Ализода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва муассисаҳои тобеъ, иштирок намуданд.
Нахуст раиси Кумита ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд. Сипас, директори МД Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Саъдӣ Исматзода вобаста ба “Ташкили курсу семинарҳои омӯзишӣ дар доираи татбиқи марҳилаи сеюми “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва натиҷаҳои назарсанҷии кормандони академия дар шаҳру навоҳии кишвар” баромад кард.
Вобаста ба масъалаи дуюми ҷаласа муовини якуми директори МД телевизиони кўдакону наврасон “Баҳористон” Сиёвуш Хидирзода дар мавзуи “Таҷдид ва таҳияи нави барномаҳои тарбиявӣ, тарҷума ва дубляжи филмҳои ҳунарӣ, илмӣ-оммавӣ ва аниматсонӣ”маърўза намуд.
“Санҷиши вазъи фаъолияти таъминоти техникӣ, ҳолати воқеӣ ва истифодаи таҷҳизоти мавҷуда, касбияти кормандони техникӣ ва шароити кору фаъолияти онҳо дар телевизион ва радиои ВМКБ”, яке аз мавзуоти дигари рӯзномаи мушовара ба ҳисоб рафта, оид ба масоили татбиқи он муовини сардори раёсати истењсолӣ ва назорати техникӣ Исмоил Маликов суханронӣ намуд.









