ҶСК «Телерадиоком»

Бо фармони Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №71 аз 27.09. соли 1973 номи Маркази радиошунавонии Республикаи Тоҷикистон ба Узели Республикавии Радиошунавонӣ ва Алоқаи радиоӣ табдил дода шуд.
Бо фармони Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №58 аз 7 - уми  апрели соли 1988 Узели Республикавии Радиошунавонӣ ва Алоқаи радиоӣ ба Иттиҳодияи истеҳсолии алоқаи радиоӣ, радиошунавонӣ ва телевизион мубаддал карда шуд.
Бо фармони Иттиҳодияи истеҳсолии алоқаи радиоӣ, радиошунавонӣ ва телевизион №49 аз 30 - уми марти соли 1998 Иттиҳодияи истеҳсолии алоқаи радиоӣ, радиошунавонӣ ва телевизион, Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шабакаҳои радиошунавонӣ ва телевизионӣ» («Телерадиоком») номгузорӣ карда шуд.
Бо фармони Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Телерадиоком» №103 аз 20 - уми июли соли 2005 Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Телерадиоком» ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» табдил дода шуд.
ҶСК «Телерадиоком» дар асоси Қарордоди муассисӣ аз 24 - уми январи соли 1997 ташкил карда шудааст.
Муассисони ҶСК «Телерадиоком» ҳамчун шахси юридикӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмгузории 95 фоизи сармояи Оинномавӣ ва коргарони Ҷамъият бо 5 фоиз саҳмгузорӣ ба сармояи Оинномавии Ҷамъият мебошанд.
ҶСК «Телерадиоком» оператори ягонаи миллии шабакаҳои радиошунавонӣ ва телевизионӣ мебошад ва дар фаъолияти худ се вазифаи асосиро иҷро мекунад:
- таъмини фарогирии пурраи аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ва барномаҳои телевизион ва радиоҳои ҷамъиятӣ;
- рушд додан ва истифодабарии шабакаҳои хатҳои радиорелегӣ ;
- ба таври мунтазам парки воситаҳои электронии худро такмил дода ҳамчун оператори асосӣ оид ба расонидани барномаҳои радио ба истифодабарандагон хориҷӣ, аз он ҷумла ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубию Шарқӣ.
Парки дорои антеннаҳои аниқсамти корхона дар мавҷҳои миёна, бо тавоноии аз 500 то 1000 кВт имконият дорад, ки барномаҳои радиоиро дар самтҳои Ҳиндустон, Индонезия, Покистон, Афғонистон, Эрон ва кишварҳои нимҷазираи Араб пахш намояд.