Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 соли 2010 №580
тасдиқ шудааст

Низомномаи
Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион
ва радиошунавонии
Кумитаи  телевизион ва радиои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии   Тоҷикистон
(дар таҳрири нав)

1. Муқаррароти умумӣ.


1. Бозрасии давлатии радиотелевизионии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон (минбаъд Бозрасӣ) дар сохтори Кумитаи телевизион ва радио воҳиди мустақил мебошад.
2. Ҳамин Низомнома масъалаҳои ташкилии фаъолияти Бозрасӣ ва муносибати онро бо ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳои дигар муайян месозад. Бозрасӣ назорати барномаҳо, гуфторҳо, ахбор ва иттилооти радиотелевизиониро,  ки дар эфир пахш шуданд, сифати техникии барномаҳо ва гуфторҳои телевизиону радио, истеҳсол ва (ё) пахши маҳсулоти овозӣ, визуалӣ ва аудиовизуалӣ ва амсоли он, паҳн намудани ахбори иловагӣ*, дуюмбора** ва дигар навъи ахбороти оммавиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он амалӣ мегардонад.
3. Бозрасӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

* - ахбори иловагӣ - паҳн намудани маълумот дар таркиби сигнали пахши барномаҳо, вобаста ба мазмуни барномаҳои асосӣ, бо мақсади додани маълумот дар бораи пахшкунанда мебошад.
**- ахбори дуюмбора – ҳаргуна ахбор (ҳуруфотӣ, рақамӣ, графикӣ, овозӣ ва ғайра), ки ба мазмуни барномаи асосӣ алоқаманд набуда, дар таркиби сигнали барномаҳои радиотелевизионӣ пахш мегардад ва барои қабули инфиродии доираи номаҳдуди шахсон дар минтақаи пахши ин барнома нигаронида шудааст.

4.  Қоида ва талаботе, ки ҳамин Низомнома муқаррар кардааст, хам барои радиотелевизиони эфирӣ, истеҳсол ва (ё) паҳн кардани маҳсулоти овозӣ, визуалӣ, аудиовизуалӣ ва дигар маводи пахшшаванда, ҳам барои пахши бисёршабакаи рақамӣ бо истифодаи шабакаҳои кабелӣ, ноқилӣ, кайҳонӣ, компютерӣ ва шабакаҳои дигар, аз ҷумла интернет, дар шакли мукаммал истифода бурда  мешавад,  агар  қонунгузории   Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар накарда бошад.

2. Вазифа ва функсияҳои Бозрасӣ.

5. Вазифаҳои асосии Бозрасӣ аз инҳо иборатанд:
-  назорати барномаҳо ва гуфторҳои телерадио, ки дар эфир пахш гаштаанд, мувофиқати  таркиб   ва   мазмуни   барномаҳо  ба  мақсаду вазифаҳои ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ва тахассуси он, риояи мўҳлатҳои муқарраршудаи нигаҳдории сабти овозҳо ва сабтҳои видеоии барномаҳо баъди аз эфир гузаштан, ҳамчунин назорати бахисобгирӣ ва қайди барномаву гуфторҳои дар эфир пахшгардида;
-  назорати аз ҷониби ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ, риоя намудани талаботи қонунҳои ҷорӣ ва санадҳои меъёрӣ, ки ба воситаҳои электронии ахбори умум алоқаманданд ва дигар санадҳои ҳуқуқиву директиваҳои   соҳаи  телевизиону   радио, ҳамчунин  назорати иҷрои меъёрҳо, стандартҳо, сертификатҳо ва ғайра аз ҷониби онҳо.
- назорати сифати техникии таҳияву пахши барномаҳои телерадио, истифодабарии маводи аудиовизуалии беруна, истеҳсол ва (ё) паҳн кардани ахбори умум аз тариқи ҳамагуна воситаҳои техникии пахшкунӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шаклҳои моликият;
-  омода сохтани пешниҳодҳо оид ба такмили санадҳои ҳуқуқӣ, ки ба фазои иттилоотии мамлакат алокаманданд ва тайёр кардани дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи телевизиону радио ва ҳамчунин меъёрҳои стандартикунонии сифатҳои техникӣ ва талаботи меъёрии техникӣ.
6. Тибқи вазифаҳои ба зимма гузошташуда Бозрасӣ функсияҳои зеринро амалӣ мегардонад:
- ба фазои иттилоотии радиову телевизионии мамлакат назорат муқаррар мекунад, аз риояи меъёрҳо ва қоидаҳои таҳияву пахш бохабар шуда, сифати техникии барномаҳои радиотелевизиониро назорат менамояд;
- санҷишҳои дахлдор мегузаронад, минтақаҳои фарогирии аҳолии Ҷумҳурии   Тоҷикистонро   бо   пахши   радиову  телевизионӣ  муайян менамояд, ҳудуди фарогирии ҷумҳуриро бо барномаҳои телевизиону радио аниқ мекунад;
- дар тартиб додани меъёрҳо, қоидаҳо, стандартҳо, сертификатҳо ва дигар талаботи меъёрии соҳаи телевизиону радио иштирок менамояд;     

3. Ҳуқуқҳои Бозрасӣ

7. Бидуни дахолат ба фаъоляти эҷодӣ ворид шудан ба ташкилотҳои телевизиону радио, ҳамчунин студияҳо, ширкатҳо, шабакаҳо ва ғайра, ки маҳсулоти овозию аудиовизуалӣ истеҳсол ва (ё) паҳн мекунанд, дигар маводи пахшшаванда (иттилоотӣ) мебароранд, аз ҳамаи ташкилотҳои радиотелевизион, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шаклҳои моликияти онҳо, талаб кардани ҳуҷҷатҳо, мавод, маълумот ва тавзеҳоте, ки ба фаъолияти онҳо алоқаманд мебошанд ва тафтиши ин фаъолият дар маҳалҳо.
8. Дар ташкилотҳои телевизион ва радио, иншоотҳои телевизиону радио гузаронидани тафтиши сифати техникии пахши телевизион ва радио, ҳамчунин маҳсулоти пахшшаванда (иттилоотӣ), гузаронидани ченкунии бозрасии нишондиҳандаҳои сифатӣ ва мувофиқати он ба стандарт, меъёрҳои техникӣ, сертификат (хусусиятҳо ва маълумоти техникӣ) ва қабул кардани қарор дар асоси натиҷаҳои тафтиш, ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад.
9. Барои иштирок кардан дар тафтишҳо ва ҳамчунин гузаронидани тадқиқу санҷишҳо ҷалб намудани намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ва мутахассисони вазорату идораҳо ва воҳидҳои онҳо.
10. Ба ташкилотҳои телевизион ва радио ва шахсони масъули онҳо додани фармоишҳои иҷрояшон ҳатмӣ оид ба ислоҳи камбудиҳои дар фаъоляти онҳо ҷойдошта ва нуқсонҳои ошкоршудаи сифатҳои техникӣ дар мавриди истеҳсол ва (ё) паҳн кардани барномаҳои телевизиону  радио ва дигар ахбороти (маҳсулоти) аудиовизуалӣ, инчунин чораҳои маъмурӣ андешидан дар асоси Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ.
11. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод кардани мавод оид ба қонунвайронкуниҳо дар соҳаи радио ва телевизион, воситаҳои электронии ахбори омма барои чораҷўӣ тибқи қонунҳои мавҷуда. Ба комиссияи иҷозатномадиҳии соҳаи телевизион, радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ пешниҳод кардани мавод оид ба баргардонидан, боздоштан ва (ё) бекор кардани литсензияҳо барои ҳуқуқи истеҳсол ва (ё) паҳн кардани барномаҳои телевизионию радиоӣ ва дигар навъҳои иттилоот.
12. Пешниҳоди таклиф ё гузоштани масъала дар назди роҳбарияти Кумита оид ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва иқтисодии ташкилотҳои радиоиву телевизионӣ.
13. Бо ташкилотҳои радиотелевизион, аз ҷумла бо ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориҷӣ бастани шартнома барои гузаронидани тафтиш оид ба сифатнокии кори воситаҳои техники телевизиону радио, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби онҳо ба иҷора гирифта шудааст ё истифода бурда мешавад.
14. Бозрасӣ нисбати ташкилотҳои хориҷӣ, ки барномаҳои телевизиону радиоӣ ва навъи дигари ахбори аудиовизуалӣ истеҳсол ва (ё) паҳн мекунанд, аз тамоми ҳуқуқҳои барояш додашуда комилан истифода мебарад, агар он хилофи шартнома ва созишномаҳои байналмилалӣ набошад.