Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо»

Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №546 аз 31 – уми октябри соли 2008 таъсис дода шуд. Телевизиони «Ҷаҳоннамо» шабакаи сартосарии иттилооти телевизиони Тоҷикистон буда, барномаҳои он бетанаффус тӯли 24 соат ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ пахш мешавад.
Аввалин барномаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» 5- уми ноябри соли 2008 ба эфир баромад. Имрӯз барномаҳои шабакаи «Ҷаҳоннамо» дар ҳудуди 72,32 дар сади қаламрави кишвар пахш мешавад. Ҳамчунин ба воситаи моҳвора барномахои «Ҷаҳоннамо» - ро аҳолии беш аз 55 дар сади ҷаҳон имкони тамошо карданро доранд.
Самтҳои асосии фаъолияти муассисаро – таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттилооти наву дақиқ, сареъу саҳеҳ аз дохил ва хориҷи кишвар, таблиғу тарвиҷи ғояҳои Ваҳдати миллӣ, афзалият додан ба арзишҳои миллию умумибашарӣ, демократия, сулҳу субот ва инсонпарварӣ, мусоидат ба равандҳои созандаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миллату халқияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсият, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, таблиғоту ба мардум фаҳмонда додани самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои фарҳангу санъат, маориф ва тарбияи ҷисмониву варзиш ташкил медиҳанд. Вазифаҳои муассиса аз интишори сиёсати давлатӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаҳои телевизионӣ бо ҷалби мутахассисону коршиносон ва сиёсатдонҳо, истеҳсол ва паҳн намудани маҳсулоти аудиовизуалӣ, филмҳои таблиғотӣ, хидматгузориҳои ороишӣ иборат аст.
Сомонаи Муассиса дар шабакаи байналмилалии Интернет www.jahonnamo.tj аст.