Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ

Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ
муовини аввали Раис

28 – уми сентябри соли 1958 дар ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) таввалуд шудааст.
Соли 1981 шуъбаи журналистии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), соли 1982 курси солонаи такмили ихтисоси факултети журналистии собиқ Мактаби олии комсомолии назди КМ ВЛКСМ (ҳоло Донишгоҳи гуманитарии Маскав)-ро ба итмом расонидааст.
Дар вазифаҳои муҳаррири идораи барномаҳои адабию драммавии Радиои Тоҷикистон, мухбир, мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», мушовир-тарҷумони КМ ВЛКСМ дар Афғонистон, ёвари вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати телевизион ва радиои Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳафтаномаҳои «Восточный экспресс», «Вечерний Душанбе» ва «События» ифои вазифа намудааст
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 – уми августи соли 2007 мудири Шуъбаи  иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон № 345 аз 18  декабри соли 2007 ба ӯ рутбаи тахассусии «Мушовири давлатии дараҷаи 1» дода шудааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – уми октябри соли 2012 Муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Муаллифи беш аз 900 очерк, мақола, гузориш, мусоҳиба, эссе ва ҳикояҳо буда, муаллафоташ дар матбуоти ватанию хориҷӣ ва маҷмӯаҳои коллективона чоп шудааст.
Сиддиқ С. ғолиби озмуни байналмилалии журналистон «Русский мир – 2005», ки бо ибтикори «Российская газета» ва Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистони ИДМ доир мегардад, аст. Ҳамчунин, ӯ дар озмуни Маркази САҲА ва институти «Ҷомеаи кушод» барои беҳтарин маводи рӯзноманигорӣ дар бахши «Мавқеи шаҳрвандӣ» ва озмуни анъанавии рӯзномаи «Курер Таджикистана» «Журналисти беҳтарини сол – 2006» ғолиб омадааст. Ӯ номзад ба унвони «Одами сол – 2004» - и  Донишкадаи биографии ШМА, Вакили Анҷумани дуюми роҳбарони ҷавони кишварҳои ИДМ ва Балтика (Сочӣ 2006), узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистони ИДМ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ аст.
Соли 2002  бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.