КД “Тоҷикфилм”

Таърихи кинои тоҷик хело бою рангин мебошад ва ҳаёти дирӯзаю имрӯзаи Тоҷикистони азиз ба он сахт иртибот дорад. Кинои тоҷик аз рӯзҳои  аввали  таъсисёбиаш,  чун як падидаи инқилобӣ, мардуми зери  ҷаҳолату ҳуруфотмондаро аз асорати тафаккури  асримиёнаӣ раҳо кард ва инсонро ба асри  пирӯзии хирад,  табадулот, корҳои  созандагӣ ва  амалҳои накӯ ҳидоят сохт.
Дар  китоби  муаррихони  кино Ш.Саидов ва  Д. Қиёмова «50-солагии кинои тоҷик» (ба забони русӣ) ёддоште ҳаст, ки солҳои аввали  таъсисёбии  ҳокимияти  Шӯравӣ дар як навоҳии дурдасти кӯҳистони  ҷумҳурӣ  рух додаст. Он  мисолест аз рӯзҳои  аввали  ба  кино рӯй овардани  мардуми тоҷик.
Дар  як деҳаи  кӯҳистон зани солхӯрдаеро ба кино даъват карданд.
Он зан пурсидааст: кинояш чист?
     - Чизест, ки  намоишаш медиҳанд.
     - Намешавад, ки  ба ҷои  намоиш додан онро байни мардуми камбағал тақсим кунанд?  Охир ба дидан шиками мардум сер намешавад, ҷавоб додаст он зан.
     Ба ӯ  гуфтаанд, ки кино чизе нест, ки онро ба  мардум тақсим  кунанд. Он сурати  зиндае ҳаст, ки рӯи  парда ҳаракат мекунад.
   Зани  солхӯрда гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ ба тамошои кино намеравам.   Дар ниҳоят занро розӣ  кунониданд ва шомгоҳӣ бо ҳамроҳии ҳамдеҳагон ба тамошои кино омадааст. Ҳарчанд ба ҳозирин мазмуни  филмро нақл карда бошанд ҳам, тааҷҷуби рафтори  мардуми деҳа аз дидани  филми аввалини   умрашон  ғайричашмдошт буд. Дар рафти филм ҳангомае, ки  дар экран аз тиру туфанг оташфишонӣ шуд, қисме аз мардум ба ҳарос афтода, рӯ ба гурез оварданд. Вале  шахсони  каме  саводдошта, ба хусус ҷавонони  кунҷков бо шодию ҳаяҷон тамошои филмро давом доданд.
Ба ҳамин ранг кино ба ҳаёти мо, тафаккури  мо ворид шуд ва то имрӯз  ҷону  ҷаҳони  моро рӯшан месозад.
Дар сафҳаи  таърихи кинои  тоҷик  номи ҳунарпешагон Н. Газулин, В. Кузин ва А. Шевич  чун асосгузорони кинои тоҷик мондааст.
зеро 11-уми моҳи сентябри соли 1929 бо дастгоҳи  киногирӣ омадани қатораи аввалини мусофиркаши Тирмиз-Душанберо, ки  пойтахти  тоҷиконро ба шабакаи роҳи оҳани умумиитифоқӣ  мепайваст, рӯйи навор оварда, пешкаши  сокинони Тоҷикистон гардонидаанд. Онҳо аз дастгирии ҳукумат руҳи тоза гирифта, истеҳсоли  киножурналҳоро зиёд намуданд.
Дар ин давра истеҳсоли филмҳои ҳуҷҷатӣ низ авҷи худро ёфт. Ин ғайратмандонро на танҳо ҳукумат, балки одамоне ки дилбохтаи ин санъат буданд, дастгирӣ менамуданд. Инҳо – драматург Н. Рожков, коргардонҳо В. Хабур, К. Алимов, К. Ёрматов, наворбардорон – В. Шевченко, Ф. Ишанов, Б. Синеоков, Н. Тиллоев, З. Мишкис ва дигарон буданд.
Ҳукумати марказӣ (Москва) ва Ҳукумати Тоҷикистони баъдиинқилобӣ барои рушди кинои тоҷик аҳамияти хоссае медоданд. Сохтмони фабрикаҳои кинобарорӣ дар  5-солаи солҳои 30-юм ба нақша гирифта шуда буд. 18 - уми майи соли 1930 Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дар Душанбе ташкил намудани трести «Тоҷиккино» қарор қабул кард. Ин ташкилот  корҳои оид ба кино, намоиши оммавӣ, истеҳсоли филмҳои хроникӣ, инчунин тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи киноро  таҳти назорати худ гирифта буд. Дар моҳи сентябри соли 1930 аввалин ташкилоти эъҷодии кормандони кинои тоҷик-АРРК  фаъолияти худро оғоз намуд.
Баъди ду сол дар назди «Тоҷиккино» ду ташкилоти алоҳида – трести кинофикатсионӣ ва трести «Тоҷиккино» (киностудия) ташкил карда шуд. Бо ҳамин роҳ маблағгузории истеҳсоли кино яке аз вазифаҳои асосии ҳукумат гардид. Ва ин самараи худро дод. 20 сентябри соли 1932 намоиши оммавии аввалинин филми бадеӣ - «Вақте ки амирон мемиранд» баргузор гардид. Баъд аз он филми «Муҳоҷир» (Эмигрант), ки дар он Комил Ёрматов ва аввалин актрисаи тоҷик Софя Туйбоева  нақши асосиро бозидаанд, рӯи навор омад. Баҳори соли 1934 аз Москва гурӯҳи нависандагону драматургони таҷрибадор ба мисли Лев Кулешов, Осип Брик, Всеволод Вишневский, Виктор Шкловкий ба Душанбе омаданд, то ба филмофарандагони ҷавони тоҷик санъати киноофариро дарс бигӯянд. Бо дастгирии онҳо, бахшида ба 10-солагии Тоҷикистон, филмҳои ҳуҷҷатии «Душанбе-Сталинобод», «Йигитҳои Тоҷикистони офтобӣ», «Мамлакати офтоб» ба навор гирифта шуданд. Инчунин, филмҳои «Тирандозони ворошиловӣ», «Занҳои Тоҷикистон», «Канали  Ҳисор», «Роҳ ба сӯи Помир» муваффақияти киноофарандагони ҷавони тоҷик ба ҳисоб мерафт.
Истеҳсоли филмҳои бадеии беовоз низ ба ҳамин солҳо рост меояд.  Филмҳои «Ҳукқуқи ифтихор» («Почётное право»- с.1932) коргардон Комил Ёрматов, «Вақте ки амирон мемиранд» - коргардон Л. Печорина (с.1932), «Муҳоҷир» (Эмигрант с. 1934,) - коргардон Комил Ёрматов, «Худои зинда» - коргардон М.Вернер, (с.1935) аз аввалин филмҳое буданд, ки синамогарони тоҷик офаридаанд.
Рушди кинои тоҷикро аз замоне, ки ба он  донандагони  фарҳангу маданияти миллӣ – Комил Ёрматов  (коргардон, актёр, муаллифи сенария), Софя Туйбоева (аввалин актриссаи тоҷик), Г. Баҳор (бастакор, коргардон ва муаллиф), Р. Қурбонов, Р. Пирмуҳаммадов, Д. Саидов ва бисёр актёрон ворид шудаанд, ҳисобидан  дуруст аст. Онҳо дар соҳаҳои гуногун фаъолият доштанду дар баробари он дар филмҳо нақш меофариданд.  
   Солҳои пеш аз ҷангӣ студияи «Тоҷикфилм» филмҳои бадеии «Боғ», «Дӯстон боз вомехӯранд», «Дар заставаи дурдаст»-ро истеҳсол намуд.
     
       Дар солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ киноматографистони рус студияи «Союз-детфилм»-ро ба Душанбе кӯчониданд. Дар он ҳунармандону устодони синамои советӣ ба мисли С. Юткевич, Л. Кулешов, В. Пронин, С. Михалков, С. Мартинсон, Ф. Раневская шомил буданд, ки нуфузашон калон буд ва то имрӯз кам нагардидааст.  Соли 1934   филми  «Писари Тоҷикистон», ки дар бораи дустии халқҳо  ва қаҳрамонии мардуми советӣ дар муҳорибаҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикоят мекунад, ва дар он синамогарони тоҷик иштироки бевосита доштанд, ба намоиш бароварда шуд. Аз ин филм дӯстии ҳунарманди тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов ва актёри шинохтаи рус Борис Андреев оғоз ёфт. Ин филм масъалаи муҳими сиёсиву ҷамъиятиро иҷро намуда, дар байни тамошобинони ҳам ақибгоҳу   ҳам фронт муваффақияти калоне дошт.
   Дар байни филмҳои ҳуҷҷатии солҳои баъд аз ҷанг филмҳои «Тоҷикистон», «Замини ҷавонӣ», «Тоҷикистони  Советӣ», «Қувваи бузург» ҷои махсусро ишғол мекарданд. Пайдоиши ин филмҳо дар экран барои тамошобинони кишварҳои дигар имкон медод, ки бо ҳаёту зиндагии халқи тоҷик  шинос шаванд. Ҳамин манзалат буд, ки соли 1946 дар кинофестивали умумиҷаҳонии Венетсия филми «Тоҷикистон» соҳиби медали биринҷӣ ва дипломи фахрӣ гардид. Дар соли 1952 бошад барои филми «Тоҷикистони офтобӣ» коргардон Б. Кимёгаров ва наворбардор И. Барамиков бо мукофоти Давлатии СССР сарфароз шуданд.
Моҳи декабри соли 1952 бо Қарори Кумитаи марказии Партияи коммунистии Тоҷикистон ва Совети вазирон дар назди базаи студияи кинохроникӣ киностудияи филмҳои бадеӣ ташкил шуд. Соли 1953 бошад ба ин студия номи «Тоҷикфилм» гузошта шуд.
Яке аз аввалин филмҳои бадеии баъди ҷангии синамогарони тоҷик филми «Дохунда» аз рӯи романи ҳамноми С.Айнӣ буд. Ин филм соли 1957 дар рӯзҳои даҳаи адабиёту санъати тоҷик дар Маскав бомуваффақият намоиш дода шуд. Ҳамон вақт рӯзномаи «Вечерняя Москва» навишта буд:
«… хусусияти фарқкунандаи филми «Дохунда» - ҳақиқати ҳаёт аст. Дар он на танҳо образи қаҳрамонони романи С.Айнӣ, балки муҳити зист, тарҳи давру замон, ки аз мо даҳсолаҳо дур аст, нишон дода шудааст».
Ба  филмҳое, ки аз рӯи асарҳои адибон дар «Тоҷикфилм» истеҳсол шудаанд - вафодорӣ, ғояҳои муаллиф, возеҳ кушодани давру муҳит ва зисти миллӣ хос мебошанд. Ин номгӯй аз зумраи онҳо мебошанд: «Одам пусташро иваз мекунад», «Насриддин дар Хуҷанд», «Ҳасани аробакаш», «Коваи охангар», «Марги судхӯр», «Ҳеҷбудагон…» ва «Достони Рустам», «Рустаму Суҳроб», «Достони Сиёвуш», ки аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома» ба навор гирифта шудаанд. Инчунин,  киностудия дар истеҳсоли филмҳои мусиқиву мазҳакавӣ, ба мисли «Ман бо духтаре вохурдам», «Вақти зангирии писар расид», «Рояли сафед», филмҳои таърихӣ: «Қисмати шоир», «Ниссо», «Хиёнат», «Вохурӣ дар назди масҷиди куҳна», «Тобистони  1943», «Қиссаи маҳбаси Павиак», драмавӣ-«Дӯсти ман Наврӯзов», «Зумрад», «Мансаби баланд», «Ҷӯра-саркор», «Бо амри дил» низ муваффақ гардида буд. Бештари ин филмҳо сазовори мукофоту дипломҳои кинофестивалҳои байналмиллалӣ гардидаанд.
Яке аз мукофотҳои олӣ – «Уқоби тиллоӣ»-ро дар фестивали филмҳои кишварҳои Осиёву Африқо, ки соли 1960 дар Қоҳира баргузор гашта буд,  филми «Қисмати шоир» сазовор гаштааст. Филми коргардон Б. Кимёгаров аз рӯи асари С. Улуғзода ба навор гирифта шуда, аз ҳаёту фаъолияти асосгузори адабиёти классикии форсу-тоҷик Абуабдуллои Рӯдакӣ ҳикоя мекунад ва дар ҳақиқат асари барҷастатрини санъати кинои тоҷик ба шумор меравад.  Комёбии беандозаи  «Қисмати шоир», дар ҳудуди кишвар ва берун аз он, исботгари рушди эъҷодиёти синамои ҷавони тоҷик ба ҳисоб мерафт.