КВД КВ “Тоҷиккино”

Аз рӯи нигоштаи  таърихнигори  кинои тоҷик А. Аҳроров кинотеатри  аввалин  дар пойтахти  Тоҷикистон ҳанӯз  соли  1927 фаъолияташро оғоз бахшидааст. Онро Исмоилов ном шахс дар бинои одии похсагӣ  таҷҳизонида аст. Аввалин филме, ки сокинони ҳамонвақтаи Душанбе  тамошо карданд, филми  Фритс Линг «Нибелунг» (истеҳсоли соли 1924) будааст. Вале  бо сабабҳои  мухталиф ин кинотеатр баъди  фаъолияти нимсола корашро қатъ кардааст. Ба ақидаи  муҳаққиқи дигар Л. Қазақова дар Душанбе  кинотеатри нахустин бо номи  «Ситораи сурх» соли 1928 ба кор шурӯъ кардааст. Муаллиф кинотеатри  «Ситораи сурх»-ро, ки дар  маркази Душанбе воқеъ буд ва то охири  солҳои  90-уми асри  гузашта фаъолият мекард, дар назар дошт.

Вазифаи  асоси корхона бештар ҷалб намудани  оммаи васеъи дӯстдорони  санъати кино ба  кинотеатрҳо  ва паҳн намудани  филмҳои  ватанию хориҷии ҷавобгӯи талаботи  мардум  мебошад.
Ин муассисаро дар солҳои гуногун мардони соҳибкасбу мутахассисони варзида, ба мисли Мирзоев Мирзодавлат, Бородачёв Николай Михаилович, Саидов Шодӣ, Иноятова Розия, Ҳамраева Нарзигул Назаровна, Сайф Раҳими Афардӣ, Наврузов Ҳамза, Соҳибов Маҳмадкарим ва дигарон роҳбарӣ намуда, дар рушду нумӯи кинои тоҷик саҳмгузор будаанд.
Хушбахтона бо шарофати соҳибистқилолӣ ва сулҳу созгорӣ дар мамлакат бо дастгирии давлату  Ҳукумати Тоҷикистон кинои тоҷик рӯ ба рушд ниҳод. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи кино», қарорҳои Ҳукумати  Ҷумҳурӣ «Дар бораи  барномаи  Барномаи рушди  кино  барои солҳои 2006-2010», «Дар  бораи барномаи  рушди кино барои солҳои  2011-2015 ва  қарор «Дар бораи додани розигӣ ба корхонаи воҳиди давлавтии  кино ва видеои  «Тоҷиккино» -и Кумитаи  телевизион ва радиои назди  Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таъсиси корхонаҳои  фаръӣ-давлатӣ» дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз таваҷҷӯҳи бевосита ва пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин шохаи санъат дарак медиҳанд.
Дар давоми  чанд соли охир бо дастгирии ҳукумати  ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио назди  Ҳукумати Тоҷикистони теъдоди  корхонаҳои  фаръӣ-давлатии кино ва видео дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба 60-адад расонда шуд. Айни ҳол ин корхонаҳо ба таври мунтазам фаъолият менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз кори корхонаҳои фаръӣ-давлатии кино ва видеои шаҳру навоҳии Конибодом, Исфара, Б. Ғафурови вилояти Суғд, навоҳии  Панҷ, Қумсангир, Ёвон, Фархор, Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, Ваҳдат, Файзобод ва Роғун  шаҳру навоҳии тобеи марказ хуб ба роҳ монда шуда, кинотеатрҳои дар ихтиёрашон буда ба  марказҳои намоиши филмҳо, баргузории чорабиниҳо ва ҷойҳои  дӯстдоштаи мардум табдил ёфтаанд.
Тайи  солҳои охир, КВДКВ «Тоҷиккино» Кохи кино ва видеои «Тоҷикистон» ва «Зебуниссо» - ро таъмир карда,  корхонаи фаръӣ давлатии кино ва видеои ноҳияи Мӯъминобод, Панҷакент, Ҳамадонӣ, Вахшро бо дастгоҳҳои замонавии кинонамоишдиҳӣ  таъмин намуд. Ин имконияти намоиши кинофилмҳои  ватанию хориҷиро таввассути экрани калон  дар кинотеатрҳо, ки барои  инсон таъсири бештаре мебахшад, боз ҳам зиёдтар месозад.
Хотиррасон  бояд гардид, ки  бо фармоиши  Кумитаи телевизион ва радиои  назди Ҳукумати  Ҷумҳурӣ аз таърихи 14.07.2008  КВДКВ «Тоҷиккино» ба баҳодиҳӣ ва додани  хулоса ба нуқтаҳои  нусхабардорӣ, кироя, фурӯши маҳсулоти аудиовизуалӣ ва бозиҳои компютерӣ дар ҳудуди  ҷумҳурӣ машғул аст. Мақсади  ин фармоиш пешгирӣ аз паҳн намудани  маводи махуф, филмҳо ва маҳсулоти аудиовизуалии ба одобу  ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бегона, тарғибкунандаи зӯроварию ваҳшоният ва харакатери динию иртиҷоӣ дошта мебошад.     
      Масъалаи  ба танзим даровардани фаъолияти  нуқтаҳои фурӯши  маҳсулоти аудиовизуали низ яке аз самтҳои  фаъолияти  аҳли  заҳмати  КВДКВ «Тоҷиккино»  ба ҳисоб меравад.