Радиои Тоҷикистон

10 – уми апрели соли 1930 нахустин бор садои радио бо ибораи «Диққат, диққат, диққат, ин ҷо Сталинобод» аз собиқ  Хонаи деҳқон – макони имрӯзаи театри ба номи Маяковский дар фазои пойтахти Тоҷикистони ҷавон танин андохт. Рӯзҳои 10 – 11 – уми апрел гуфторҳо бо пахши  радиогазета ва нашри ахбор (то панҷ дақиқа) анҷом меёфтанд. Шурӯъ аз 12 – уми апрел гуфторҳои радиолексия,машқи тарбияи бадан ва барномаҳои мусиқӣ муҳтавои ҷадвали пахшро пур месохтанд. Барномаҳо аз 12 – уми апрел аз соати 7:00 то 19:00 пахш мешуданд.
Ҳамин тариқ, 13 – уми январи соли 1932 бо қарори Кумитаи Марказии Иҷроия ва Совети Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон Кумитаи радиои Тоҷикистон ташкил гардид, ки он расман 1 – уми феврали соли 1932 ба кори худ шурӯъ кард.
Радиои Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ба ҳаёти мардум ворид шуд. Дар шаҳру деҳот нуқтаҳои радио афзуда, шаҳрвандон аз тариқи он ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва адабӣ ошно мегардиданд.
Имрӯз Радиои Тоҷикистон ба як расонаи муқтадири миллӣ табдил ёфта, ҳамчун яке аз зерсохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар Радиои Тоҷикистон  панҷ идора идораи барномаи «Ахбор» ва идораи барномаҳои таҳлилӣ, фарҳангӣ – фароғатӣ, мусиқӣ ва «Насими субҳ» барномаҳои гуногуну ҷолибро омода ва таҳияи шунавандагон мегардонанд.
Бо мурури вақт ва талаботи замон ҷанбаи миллии барномаҳои радиои Тоҷикистон афзуд.
Ҳоло беш аз 60%- и гуфторҳоро барномаҳои сиёсию иттилоотӣ, таҳлилӣ, фарҳангию фароғатӣ ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, барномаи «Ахбор» барномаи иттилоотӣ буда, ҳамарӯза аз соати 8:00 то 22:00 ҳар ним соат садо медиҳад, ки он дар давоми рӯз 60 – 70 адад хабари дохилӣ ва беш аз 10 – 15 адад хабари хориҷи кишвар пахш мекунад.
«Парламент» дар хусуси фаъолияти парлумони  кишвар сӯҳбату барномаҳои таҳлилӣ интишор карда,  вобаста ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба қонуну кодексҳои қабулшудаи кишвар ва равобити байнипарлумонии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо сӯҳбат мекунад. Ҳафтае як маротиба рӯзҳои шанбе соати 15: 30  пахш мегардад.  
«Тафсири рӯз» бештар масъалаҳои иҷитимоиро аз қабили вазъи ҳуқуқи шаҳравндон, нархи коло дар бозор, хизамтрасониҳои гуногун ва дигар масъалаҳои рӯзмарра  сӯҳбату гуфторҳо таҳия мекунад.    Дар тӯли ҳафта панҷ маротиба садо медиҳад. Соати пахши он 15:40 аст.
«Олами иқтисод» масъалаҳои иқтисоди миллӣ ва муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳоро баррасӣ менамояд. Инчунин, дар мавриди  таъсис ва нақши  корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар масъалаҳои иқтисодӣ бо коршиносони соҳа сӯҳбатҳои  ихтисосӣ ороста, барномаҳои таҳлилиро роҳандозӣ мекунад. Рӯзҳои сешанбе соати 9:00 пахш мегардад.
«Садои ҷавонон» барномаи таҳлилию сиёсӣ буда, доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, инъикос  намудани ҳаёту фаъолияти онҳо, тарғиби ҳисси ватандӯству худшиносӣ ва дастовардҳои ҷавонон дар соҳаҳои гуногун  барнома омода менамояд.  Ҳафтае як маротиба соати 17:15 пахш мегардад.
«Сипоҳиёни Ватан»  вобаста ба шароити хизмат дар сафи  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқи ҳаёти сарбозон ва ҷалби ҷавонон ба хизмати  Ватан - Модар силсилабарномаҳои ватандӯстона таҳия мекунад. Рӯзҳои чоршанбе соати 11: 40  пахш мегардад.  
 «Озодазодагон» барномаи тарғибгари худшиносию меҳандӯстӣ аст. Ҳафтае як маротиба   аз соати 20:00 то 22:00  пахш мегардад.
Инчунин, метавон барномаҳои «Нигоҳи нав», «Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳон», «Фурсати баён», «Арзи дил», «Фурӯғ», «Дурдона», «Парвози илҳом», «Сеҳри Синамо», «Сафинаи умед», «Мусиқӣ ва ҷаҳони муосир», «Бо моҳу парвин», «Сипеҳри наво», «Ганҷе аз ганҷур», «Зуҳраи навогар», «Навои чашмасорон», «Орази наво», «Мутриби ишқ», «Асрори матбах», «Рушд», «Пурсишу посух», «Панди хирадмандона» ва дар маҷмӯъ 90 (навад) барномаро аз Радиои Тоҷикистон шунид.
Радиои Тоҷикистон дорои шабакаҳои «Овози тоҷик», «Фарҳанг» ва «Садои Душанбе аст». Дар як шабонарӯз дар ҳаҷми 96 соат бо забонҳои   тоҷикӣ,  форсӣ,  дарӣ, русӣ, арабӣ, ӯзбекӣ,  ҳиндӣ ва англисӣ  барнома омода ва пахш менамояд.
Дар рушд ва пешрафти радиои Тоҷикистон Абдурашид Хӯҷамқулов, Саидмуроди  Хоҷазод, Шаҳобиддини Ҳақназар, Мошарифи Холиқ, Сабзалӣ Асозода, Робияи Назир, Бахтиёри Зоир, Муродулло Раҳимов, Шоҳҷони Абдурасул, Фаррух Зиёев, Хайрулло Файзуллоев, Абдуғаффори Убайдуллоҳ, Машраб Маликов ва дигарон саҳми арзанда доранд.
Пахши мавҷи Радиои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  рўи мавҷҳои  FM 104,7 мГс  ММ 1323 кГс,   МД 252 кГс,  вилояти Суғд – FM 102,7 мГс, ММ 819 кГс, вилояти Хатлон   101. 7 FM, МУК 67,8 мГс, ММ –702 кГс, ВМКБ – FM, 104,5 мГс, МК –4765 кГс интишор мегардад.