ДАР РОҲИ СУЛҲУ ВАҲДАТ Ба ифтихори 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
Нашр шуд. Шан, 25/06/2022 - 12:15Ваҳдати миллӣ ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Метавон гуфт, ки имрўз дар кишвари соҳибистиқлоли мо ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи умумимиллӣ дар радифи мафҳумҳои озодиву истиқлолият ва сулҳу субот пазируфта шуда, дар тафаккури мардуми Тоҷикистон чун омили мувозинати пайвастаи сиёсати