Activities calendar

12 октябри 2014

Шиносоӣ бо кори кишоварзони ноҳияи Шаҳритус

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Ҳомид ва Қандови ноҳияи Шаҳритус ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши онҳо бевосита шинос шуд.
Чунонки зикр гардид, аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии Қандов 20 га замин, аз ҷумла 18 га замини корами обӣ дар ихтиёр дошта, асосан бо пахтакорӣ машғуланд. Майдони умумии кишти пахта 14 га буда, дар аксари он навъи Тоҷикистон кишт намудаанд ва аз ҳар гектараш бовар

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритус

Дар ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияҳои  Носири Хусрав ва Шаҳритуси вилояти Хатлон мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои бартараф намудани мушкилу монеаҳои мавҷуда, татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ ва дигар

Суханрониӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мо дар давоми сафари кории худ дар вилояти Хатлон бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, рӯзгору фаъолияти сокинони ҳимматбаланду заҳматкаши якчанд ноҳияҳои вилоят, инчунин бо ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ, иҷрои фармону амрҳои Президент, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, дастуру супоришҳои додашуда ва корҳои ободониву созандагӣ дар ин ноҳияҳо шинос гардидем. Ва итминон ҳосил кардем, ки шаҳру

Боздид аз ноҳияи Шаҳритус

Аз ноҳияи Носири Хусрав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритус ташриф овард. Дар даромадгоҳи ноҳия мардум Сарвари давлатро бо муҳаббату самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аввал корхонаи абрешимресии Дук ба кор дароварда шуд, ки нахустин чунин корхона дар вилояти Хатлон мебошад.

Оғози боздид аз ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритуси вилояти Хатлон

Субҳи барвақт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷамоати деҳоти Баҳори ноҳияи Носири Хусрав ташриф овард.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст оғоз бахшид.
Тибқи лоиҳа, мактаб аз 2 бинои таълимӣ, бинои алоҳида барои толори варзишӣ ва дигар биною