Activities calendar

12 сентябри 2014

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев

Нимаю дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масоили вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарони ҳарду давлат ҳавасмандии худро ба ҳаллу фасли ҳарчи зудтари масоили баҳсноки марзӣ дар минтақаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон ва пешгирӣ аз

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе иштирок дошт, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои ҳамкорӣ ва тавофуқоти қаблии ду

Ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши душанбегии СҲШ

Шаҳри Душанбе бинобар баргузории ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт, зеро ин созмон тайи солҳои фаъолияти муассираш ба як ниҳоди басо соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба пойтахти Тоҷикистон роҳбарони давлатҳое ташриф оварданд, ки дар онҳо беш аз нисфи аҳолии кураи замин зиндагӣ дорад.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш дар пойтахти Тоҷикистон сарони ҳамаи 6 давлати аъзои

В.Путин: «Вуруди аъзои нав ба СҲШ обрӯи ҷаҳонии онро баланд мебардорад»

«Русия чун ҳамаи аъзои СҲШ аз вусъати хавфу хатар ба ҷаҳон дар ташвиш аст, бинобар ин ба таъмини тартиботи ҳуқуқ бодиққат назар мекунад», - гуфт Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин зимни суханрониаш дар нишасти давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе.
«Қобили зикр аст, ки қувваҳои байналмилалӣ ба амният мусоидат намуда, уҳдадориҳоеро, ки СММ ба зиммаашон гузоштааст, иҷро менамоянд. Муҳим мешуморем, ки амалияи ҷалби кишварҳои

Баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ дар рӯҳияи созанда

«Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар рӯҳияи созанда, ки хусусияти созмони мо аст, доир гардид», - таъкид намуд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти хеш ба матбуот пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 11-12 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд,ки дар ин саммит доир ба масоили марбут ба минтақа ва байналмилалӣ ба

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи СҲШ ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд

Пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай 12 сентябр аз чониби сарони давлатҳои аъзо яз зумра ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд.
Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ҳуҷҷатҳои зеринро ба имзо расониданд:
1. Эъломияи душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай
2. Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи Ёддошти

СММ ба таҳкими ҳамкорӣ бо СҲШ омода аст

Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ифтитоҳ ёфт, ки дар он муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ Ҷеффри Фелтман иштирок намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки СММ омодааст ҳамкориро бо СҲШ ба манзури таъмини суботи минтақа таҳким бахшад. Номбурда даъват намуд, ки мубориза барои амнияту шукуфоии Афғонистон вусъат дода шавад.

А.Отамбаев: Афзоиши экстремизми динӣ хатар барои Осиёи Марказист

Зимни суханронӣ дар ҳамоиши васеи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай 12 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Отамбаев зикр намуд, ки авҷ гирифтани экстремизми динӣ ва хатари вуруди гурӯҳҳои террористӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин хатари афзоиши интиқоли маводи мухаддир дар минтақа аз мушкилоти асосии минтақа боқӣ мемонанд ва давлатҳои минтақаро зарур аст ба ин масъала

Қабули Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои СҲШ

Пас аз анчоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 12 сентябр аз чониби сарони давлатҳои аъзо Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тартиби додани мақоми давлати узв, Стратегияи рушди созмон то соли 2025 ва дигар санадҳо ба имзо расиданд.

Н. Назарбоев: Масъалаи марзӣ миёни давлатҳои аъзои СҲШ муҳимтарин аст

Дар ҷараёни ҳамоиши васеи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зимни суханрониаш як силсила масоили муҳимро номбар кард, ки ҳалли онҳо бояд дар шароити ноустувори ҷуғрофиёи сиёсӣ ва вазъи ҷуғрофиёи иқтисодии ҷаҳон ҳадафи афзалиятноки СҲШ гардад.
Н. Назарбоев масъалаи мушкилоти марзиро миёни давлатҳои аъзои СҲШ муҳимтарини онҳо номид. Ӯ инчунин изҳор дошт, ки таъмини

Э. Раҳмон ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ кори пурсамар хост

Имрӯз шаҳри Душанбе макони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай гашта, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли ҷаҳон қарор гирифтааст, зеро ҷараёни ин ҳамоиши бузург аз ҷониби тамоми васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ, ки беш аз 500 нафар намояндагонашон бевосита дар пойтахти Точикистон қарор доранд, инъикос мегардад.
Дирӯз барои иштирок дар ҳамоиши дорои аҳамияти бузурги минтақавию ҷаҳонӣ дар шаҳри

Оғози ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай

Ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ба кор шуруъ намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар толори Дидори Кохи Наврӯз як-як истиқбол мегирад.
Роҳбарони давлатҳо бо тартиби зайл ба толор ворид шуданд:
Президенти Ҷуҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев;

Омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай

Имрӯзҳо шаҳри Душанбе бинобар баргузории ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, зеро ин созмон тайи солҳои фаъолияти муассираш ба як ниҳоди басо соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба пойтахти Тоҷикистон роҳбарони давлатҳое ташриф овардаанд, ки дар онҳо беш аз нисфи аҳолии кураи замин зиндагӣ дорад.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

Субҳи имрӯз, қабл аз оғози ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки ба ҳайси роҳбари кишвари нозир дар ин созмон ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои гуногуни муносиботи дуҷониба ва минтақавию ҷаҳонии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба авзои кунунии Афғонистон таъкид

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамшарикии стратегии ду кишвар ва рушди ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.
Владимир Путин ба сатҳи омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ҳамзамон аз афзоиши намоёни ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли