Activities calendar

05 августи 2014

Ансамбли «Дарё»

Бо мақсади рушди санъати мусиқии мардуми анъанавӣ моҳи майи соли 1989 дар назди Кумитаи телевизион ва радио ансамбли «Дарё» таъсис ёфта буд. Дар муддати 20 – соли фаъолият ин ансамбл таҳти роҳбарии сароянда ва оҳангсози мумтоз Саидқул Билолов воқеан ба рушди санъати мусиқии мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшида, як зумра сраояндагон ва мутрибони соҳибистеъдодро тарбия кард.

Шабакаи «Садои Душанбе»

Таъсиси шабакаи «Садои Душанбе», ки санаи 18-уми  январи соли 1999 бо ибтикори раиси вақти Кумита, нависандаи нотакрор Сайф Раҳимзоди Афардӣ ташкил шуд. Он дар заминаи гуфторҳо барои аҳолии шаҳри Душанбе ба вуҷуд омад, ки зарурати тавлиди ин шабакаи нави радиоӣ фарох намудани имконоти дастрасии шунавандагон бо иттилоот буд.

Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хабари заминларза дар як қатор ноҳияҳои музофотҳои Юннани қисмати Ҷанубу Ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки боиси ҳалокати садҳо нафар ва харобиҳои зиёд гардидааст, мардуми Тоҷикистонро бисёр андӯҳгин намуд.