Ифтитоҳи бинои нави мақомоти андози ноҳияи Қубодиён
Нашр шуд. Сеш, 07/10/2014 - 13:10Аз ноҳияи Ҷиликӯл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Қубодиён ташриф овард.
Дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои мақомоти андоз ифтитоҳ ёфт.
Чунонки аён гардид, бино дуошёна буда, дорои 16 утоқи корӣ мебошад. Дар ин бино беҳтарин шароити корӣ барои кормандон ва кор бо андозсупорандагон, аз ҷумла бо механизми “Равзанаи ягона” муҳайё шудааст.