Тақдими ҷоизаи «Тоҷ барои сифат» ба МД «Ҷаҳоннамо»
Нашр шуд. Пан, 26/03/2015 - 15:46Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид ба дарёфти ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» сазовор гардид. Ҷоиза аз ҷониби Ширкати байналхалқии Business Initiative Directions созмон дода шудааст.
Маросими супоридани ҷоиза шоми 22-юми марти соли 2015 дар толори конвенсияҳои Меҳмонхонаи
Суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ
Нашр шуд. Якш, 22/03/2015 - 18:49Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!
Қабл аз ҳама, фарорасии Наврӯзи Аҷамро, ки ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз ва талошу ибтикори кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз панҷумин соли ҷаҳонишавии он дар саросари олам таҷлил мегардад, бори дигар ба кулли ҳамватанонамон, сокинони сарбаланду меҳмоннавози вилояти Суғд ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ҳамчун меросбарони
Наврӯз муборак!
Нашр шуд. Ҷум, 20/03/2015 - 09:03Наврӯзи хуҷастапайро ба ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ ва ба ҳамаи касоне, ки ин ҷашни байналмилалиро таҷлил менамоянд, табрику таҳният гуфта, барояшон хушии рӯзгор, тани сиҳату умри бобаракати бардавом ва муваффақиятҳову сарбаландиҳоро тамонно мекунем. Бигзор ҳамеша зиндагӣ ва номи накӯи Шумо ҳам ба мисли Наврӯзи оламафрӯз мондагору ҷовидона бошад. Наврӯзатон муборак!
Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат
Нашр шуд. Пан, 19/03/2015 - 12:01Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони аҳли зиёи мамлакат!
Бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ фарорасии Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯзро ба шумо ҳозирини арҷманд ва ба кулли мардуми куҳандиёри азиз, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи онҳое, ки ин ҷашни байналмилалиро таҷлил менамоянд, самимона шодбош гуфта, ба ҳамаатон хонаи обод, осоиши рӯзгор ва беҳтари