Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

9-уми май дар ҳошияи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Сараввал сарони давлатҳо ҳамдигар ва мардуми ду давлатро ба муносибати ҷашни 79-солагии Ғалабаи бузург табрик намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми мардуми тоҷикро махсус таъкид намуда, изҳор доштанд, ки 50 дарсади аҳолии қобили меҳнати ҳамон вақти Тоҷикистон дар ин ҷанг фаъолона иштирок намудаанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигар ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика буд. Сарони давлатҳо барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа ба қарор омаданд, ки ба сохторҳои лозимаи ду ҷониб супоришҳои зарурӣ дода шавад.

Дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ

10 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба мисли боронҳои шадиди селу ҷола, обхезӣ ва сангрезиш дар роҳҳои куҳӣ чораҳои зарурӣ амалӣ намуда, мардумро аз ин хатарҳо огоҳ намоянд.

Ташаббуси глобалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол дар маҷаллаҳои нашриётӣ ва электронии Покистон инъикос гардид

Дар нашрияҳои маъруфи  Покистон бо забонҳои англисӣ ва урду таҳти унвони «Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид» мақолаҳо ба нашр расиданд, ки ба ташаббуси глобалии Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79-солагии Ғалаба иштирок намуданд

9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79-солагии Ғалаба ба қасри Кремл ташриф оварданд.

Страницы