Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Президенти Тоҷикистонро оид ба эълони Рӯзи байналмилалии морхӯр якдилона қабул намуд

2 май  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии морхӯр тариқи қатъномаи дахлдор якдилона қабул намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қатънома аҳаммияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи чаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро хамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст.

Дар он инчунин аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, таъкид карда шудааст.

Бо қабул гардидани қатъномаи мазкур рӯзи 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид.

Ҳамчунин дар санади мазкур аҳаммияти Конфронси нуҳуми ҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти сумдори куҳӣ, ки аз 12 то 15 октябри соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад, таъкид шудааст.

Ёдовар мешавем, ки морхӯр (Capra falconeri-бузи пармашох) яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои куҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон ва Узбекистон ба шумор меравад. Морхӯр нақши муҳимеро барои экосистема, биогуногунӣ, сайёҳӣ ва ғайра бозӣ карда, дарки ҳифзи он дар сатҳи ҷаҳонӣ, бо дарназардошти дар рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат қарор доштани ин ҳайвони нодир, муҳим ба назар мерасад.