Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон» дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон» оғози расмӣ бахшиданд.

Иншооти мазкур дар маркази шаҳр бо тарҳи муосиру ҷавобгӯй ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ қомат афрохта, ба ободии ин шаҳри бостонӣ зебоии дигар зам намудааст.

Маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шукрулло Ашӯров бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сохта шуда, он аз чор ошёна иборат мебошад.

Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон

Имрӯз дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.

Оғози сохтмони корхонаи бузурги саноатӣ дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ

Субҳи рӯзи 24-уми июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим, шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташриф оварданд.

Ифтитоҳи Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” баъди азнавсозӣ ва иштирок дар таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Нимаи дуюми рӯзи 25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ”-ро, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра азнавсозӣ гардид, ифтитоҳ намуда, дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Страницы