Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Нораки вилояти Хатлон
озод намудани Ҳурматзода Ф.З.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳурматзода Фатҳулло Зариф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод карда шавад.

Э Ъ Л О Н: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холи озмун эълон менамояд

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии 1 муовини сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ, 1 муовини сардори раёсати иқтисод ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқии раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассиси бахши техникӣ ва таъминоти

Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён бо сафари расмии серӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард,- хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар назар аст дар ҷараёни сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро ба ҳузур пазиранд.

16 июл дар Душанбе музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён баргузор мегарданд.

Страницы