Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

ХАБАРИ ФАВРӢ! Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ барои овардани доруворӣ хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон ташкил гардид

Бо мақсади дастрас намудани маводи доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Маводи зарурии воридшуда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои он ҷиҳати истифода дар муассисаҳои

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Академияи идоракунӣ маҳфили илмӣ-адабӣ таъсис ёфт

Дар маҳфили илмию амалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мазмун ва мундариҷаи повести «Одина»- и устод Садриддин Айнӣ, нақши он дар адабиёти муосири тоҷик мубодилаи афкор намуданд. Аъзои маҳфил барои ҷамъомади навбатӣ мутолиа асари «Намунаи адабиёти тоҷик» ва баёни андешаҳоро дар атрофи ин асар интихоб намуданд. Ёдовар мешавем, ки ин маҳфили илмию амалӣ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ...

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар участкаи интихоботии №15 – ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе овоз дод

Субҳи 1-уми марти соли 2020 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф овард.

Рустами Эмомалӣ дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи интихоботии №15 дар ҳудуди он ҷойгир аст,  дар баробари  дигар  сокинони Тоҷикистон  бо эҳсоси баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, овоз доданд.

Страницы