НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад

Наврӯз ҷашни оғоз аст, оғози оғозҳост. Ҷашни офариниш, ҷашни зодрӯзи Замин, зодрӯзи  инсон, зодрӯзи Хуршед, яъне ҷашни ҷашнҳо аст.

Наврӯз ҷашни эҳё аст, ҷашни тавлиди нур ва рӯшноӣ. Ҷашни зебоӣ, ҷашни шеъру суруд, ҷашни савту дуруд, ҷашни нишоту сууд.

Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба амали террористие, ки 22 март дар Маҷмааи «Крокус Сити Холл» содир шуда буд, дар китоби таъзия аз номи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзо изҳори ҳамдардӣ навишт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

ШУУРИ ДИНӢ — ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ — ФАРҲАНГӢ. Андешаҳо вобаста ба далелҳо ва механизмҳои шаклгирии он

Таҷрибаҳои таърихӣ ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик баёнгари он ҳастанд, ки вазъи шуури динӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории навин масъалаи мубрам ва афзалиятнок ба шумор меравад. Дар робита ба ин масъала 9 март дар “Кохи Ваҳдат” мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат баргузор шуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат андешаҳояшонро доир ба вазъияти динии ҷумҳурӣ пешниҳод намуда, вобаста ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳаи дину дингароӣ ба фаъолони ҷомеа ва ходимони дин маслиҳатҳои судманд доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дини Ислом дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии аҳолии мамлакат нақши муҳим мебозад ва мардумро дар ҳама ҳолат ба сулҳу салоҳ ва дӯстӣ даъват менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат Пешвои миллат кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмааи «Крокус Сити Холл» қатъиян маҳкум карда, таъкид намуданд, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.

Президенти Тоҷикистон, бо таманниёти шифои оҷил ба осебдидагон, таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ барои аъзои оила ва наздикони фавтидагон бар асари фоҷеаи даҳшатангез иброз намуданд.

Сарвари давлати мо дар лаҳзаҳои ҳузнангези мотами умумимиллӣ дар Федератсияи Русия ҳамраъйии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мардуми бародари Русия изҳор намуданд.

Страницы