Махфират Ҳамроқулова – ситораи эстрадаи Шӯравӣ, Тоҷикистон ва Амрико

«Махфират Ҳамроқулова – ситораи эстрадаи Шӯравӣ, Тоҷикистон ва Амрико» -чунин ном ниҳодааст гузориши худро хабарнигори рӯзномаи «Комсомольская правда» (Русия) Алексей Осипов дар шаҳри Ню-Йорки Амрико. Сабти аудиоии сӯҳбати ин хабарнигорро, ки дар барномаи радиоии ӯ дар Нью-Йорк бо номи «Аз забони ситораҳо» садо додаст, дар сомонаи интернетии  Samaratoday.TV  метавонед истимоъ намоед.
Қобили зикр аст, ки расонаҳои иттилоотии Русия ва Амрико дар ин авохир аз Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, узви собиқ дастаи «Гулшан»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Ҳамроқулова чанд дафъа дарак доданд. Аз ин пеш 19 - уми апрели соли 2014 Андрей Малахов дар барномаи худ «Сегодня вечером» дар шабакаи якуми телевизиони Русия, ки ба зодрӯзи Алла Пугачева бахшида шуда буд,  бо Махфират Ҳамроқулова сӯҳбат ороста буд.