Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иқтибос
аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

§ 5. НЕЪМАТҲОИ ҒАЙРИМОДД Ӣ ВА ҲИФЗИ ОНҲО
Моддаи 170. Неъматҳои ғайримоддӣ


1. Ҳаёт ва саломатӣ,  эътибори  шахсӣ,  шаъну шараф, масунияти шахсӣ, номусу  номи  нек,  эътибори корӣ,  дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ,  ҳуқуқи ҷойивазкунӣ ва интихоби озоди истиқомату маҳалли  зист,  ҳуқуқи доштани  номдорӣ, ҳуқуқи муаллифӣ, дигар ҳуқуқҳои шахсии ғайримоддӣ ва неъматҳои дигари ғайримоддӣ, ки ба шаҳрванд аз рӯзи таваллуд ё бо ҳукми қонун тааллуқ доранд, бегона  карда ё  ба тариқи дигар гузашт карда намешаванд. Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳуқуқи шахсии ғайримолу мулкӣ ва неъматҳои дигари ғайримоддии  шахси  фавтидаро шахси дигар, аз ҷумла ворисони соҳибҳуқуқ татбиқ ва ҳифз карда метавонанд.
2. Неъматҳои ғайримоддӣ мутобиқи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар дар  ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи онҳо, инчунин дар ҳолатҳо ва ба он андозае муҳофизат карда мешаванд, ки истифодаи усулҳои муҳофизати ҳуқуқи гражданӣ (моддаи 12) аз моҳияти ҳуқуқи ғайримоддии вайронгардида ва  хусусияти оқибатҳои ин вайронкуӣ бармеояд.

Моддаи 171.  Ҷуброни зиёни маънавӣ
Агар ба шаҳрванд дар натиҷаи амалҳои вайронкунандаи ҳуқуқи шахсии ғайримоддии ӯ ё ба неъматҳои дигари ғайримоддии шаҳрванд таҳдидкунанда зиёни маънавӣ (азобу шиканҷаи ҷисмонӣ  ё рӯҳӣ) расонида шуда бошад, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун суд метавонад шахси ҳуқуқвайронкардаро вазифадор созад, ки ин зиёнро ҷуброн намояд.
Ҳангоми муайян намудани андозаи ҷуброни зиёни маънавӣ суд дараҷаи гуноҳи шахси вайронкардаи ҳуқуқ ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳро ба назар мегирад. Суд ҳамчунин бояд дараҷаи азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ва рӯҳии марбут ба  хусусиятҳои инфиродии шахси ҷабрдидаро ба назар гирад.

Моддаи 172. Ҳифзи ҳуқуқи шахсии  ғайримолу мулкӣ
1. Шахсе, ки ҳуқуқи  шахсии  ғайримолу мулкиаш вайрон шудааст, ба ғайр аз  тартиби дар моддаи 12 ҳамин Кодекс пешбинигардида мувофиқи қоидаҳои ҳамин  Кодекс  инчунин  ба ҷуброни зиёни маънавӣ ҳуқуқ дорад.
2. Ҳуқуқи шахси ғайри молу мулкиро суд бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ муҳофизат менамояд.
3. Ҳуқуқи шахсии ғайри молу мулкӣ сарфи назар аз гуноҳи шахси  вайроннамудаи ҳуқуқ ҳифз карда мешавад. Шахсе, ки ҳифзи ҳуқуқро талаб кардааст,  бояд далели  вайрон  гардидани  ҳуқуқи шахсии ғайри молу мулкиашро исбот кунад.
4. Шахсе, ки ҳуқуқи ғайри молу мулкиаш вайрон гардидааст, метавонад бо хости худ рафъи оқибати онро аз шахси гунаҳкор талаб намояд ё аз ҳисоби гунаҳкор  мустақилона амалҳои заруриро анҷом диҳад ва ё иҷрои онҳоро ба шахси сеюм супорад.

Моддаи 173. Ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкие, ки ба ҳуқуқи молу мулкӣ алоқаманданд
Дар сурати ҳамзамон вайрон гардидани ҳуқуқи шахси ғайри молу мулкӣ ва молу мулкӣ, андозаи ҷуброни зиёни молу мулкӣ бо дарназардошти ҷубронпулие, ки бояд ба ҷабрдида барои халалдор кардани ҳуқуқи шахсии ғайри молу мулкиаш пардохта  шавад,  зиёд  мешавад.

Моддаи 174. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ
1. Агар шахси  паҳнкардаи  маълумоте,  ки  шаъну  шараф  ё эътибори кории   шаҳрвандро паст мезананд, дурустии чунин маълумотро ба исбот нарасонад,  шаҳрванд ҳақ дорад  аз тариқи суд раддияи чунин маълумотро талаб кунад.
Бо талаби шахси манфиатдор ҳифзи  шаъну  шарафи  шаҳрванд пас аз вафоташ низ имконпазир аст.
2. Агар маълумоте, ки шаъну шараф  ё  эътибори  кории шаҳрвандро паст мезананд, аз тариқи воситаҳои ахбори умум  паҳн гардида бошанд, онҳо бояд  дар  ҳамон  воситаҳои ахбори умум бемузд  рад карда шаванд.
Агар маълумоти  мазкур  дар  ҳуҷҷати ташкилот дарҷ гардида бошад, чунин ҳуҷҷат бояд иваз ё бозхонда шавад.
Тартиби раддияро  дар  ҳолатҳои дигар суд муқаррар менамояд.
3. Шаҳрванде, ки воситаҳои ахбори умум дар хусуси ӯ маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаашро нашр кардаанд, ҳақ дорад дар  ҳамон воситаҳои ахбори умум ҷавоби худро нашр кунад.
4. Талаби шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро дар мавриди нашри раддия ё ҷавоб дар воситаи ахбори  умум дар сурате суд баррасӣ мекунад,  ки мақоми ахбори умум нашри онро рад   кунад, ё дар давоми як моҳ нашр накарда ва ё барҳам дода бошад.
5. Агар  қарори суд иҷро нашуда бошад, суд ҳақ дорад гунаҳкорро ҷарима  бандад,  ки  ба андоза  ва  бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои мурофиавӣ ба нафъи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнида мешавад. Пардохти ҷарима гунаҳкорро аз ӯҳдадории иҷрои амали дар қарори суд пешбинигардида озод намекунад.
6. Шаҳрванде, ки дар хусуси ӯ маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш  паҳн гардидааст, ҳақ дорад дар баробари раддияи  чунин маълумот ҷуброни зиёни маънавии аз паҳн кардани онҳо расидаро низ талаб намояд.
7. Агар муайян  намудани  шахси паҳнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф  ё эътибори  кории шаҳрвандро паст мезанад, имконнопазир бошад, шахсе, ки дар борааш чунин маълумот паҳн гардидааст, метавонад барои нодуруст донистани маълумоти паҳнгардида ба суд муроҷиат намояд.
8. Қоидаҳои ҳамин модда дар хусуси ҳифзи эътибори кории шаҳрванд мутобиқан дар мавриди ҳифзи эътибори кории шахси ҳуқуқӣ низ истифода мешаванд.
Моддаи 1741. Ҳифзи шаъну шараф ҳангоми тӯҳмат ё таҳқир
Шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳангоми тӯҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардуруғ, ки шаъну шараф ва эътибори шахси дигарро паст мезанад ё таҳқир, яъне беадабона бо алфози қабеҳ паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси дигар тибқи талаботи моддаҳои 170, 171, ва 174 Кодекси мазкур ҳифз  карда мешаванд.( ҚҶТ аз 28.12.12с №928)

Моддаи 175. Ҳуқуқи ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ
1. Шаҳрванд ба ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ, аз ҷумла дахлнопазирии мукотибот, гуфтушунидҳои телефонӣ, сирри рӯзномаҳо, қайдҳо, руқъаҳо, ҳаёти маҳрамона, писархонӣ, таваллуд, сирри тиббӣ,  адвокатӣ  ва  сирри  пасандозҳо ҳуқуқ дорад.
Фош кардани  сирри ҳаёти  шахсӣ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санади қонунӣ мумкин аст.
2. Нашри рӯзномаҳо, руқъаҳо, қайдҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар танҳо бо ризоияти муаллифи онҳо,  нашри  мактубҳо бошад, бо ризоияти муаллиф ва унвонӣ (адресат) роҳ дода мешавад. Дар сурати вафот  кардани яке аз онҳо ҳуҷҷатҳои мазкурро бо ризоияти ҳамсари дар қайди ҳаёт буда ва фарзандони марҳум нашр кардан мумкин аст.

Моддаи 176. Ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ
1. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки тасвири ягон шахсеро бе  ризоияти ӯ, дар сурати вафоти ӯ бошад,  бе ризоияти ворисонаш  истифода намояд.
2. Нашр  намудан, нусха бардоштан ва паҳн кардани асари тасвирие (расм, акси фотографӣ, кинофилм ва ғайра), ки дар он шахси дигар тасвир ёфтааст, танҳо бо ризоияти шахси тасвирёфта, пас аз вафоташ бошад, бо ризоияти фарзандон ва ҳамсари дар қайди ҳаёт будаи ӯ иҷозат дода мешавад. Агар ин дар қонун муқаррар гардида бошад, ё шахси тасвирёфта бар ивази музд худро аккосӣ кунонда бошад,  чунин  ризоият талаб карда   намешавад.

Моддаи 177. Ҳуқуқи дахлнопазирии манзил
Шаҳрванд ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро доро аст, яъне ӯ ҳуқуқ дорад, ки ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, кӯшишҳои бидуни хоҳиши ӯ зӯран ба  манзилаш ворид шудани касро пешгирӣ намояд.