Амирзода Дилафрӯз Субҳон

Амирзода Дилафрӯз Субҳон
муовини Раиси Кумита

17-уми январи соли 1969 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1991 гурӯҳи журналистии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Тӯли солҳои  1991 - 2005 ба ҳайси муҳаррири хурд, муҳаррири шуъбаи барномаҳо барои кӯдакон ва наврасон, роҳбари гурӯҳи эҷодии «Парасту», мудири шуъбаи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, сармуҳаррири идораи барномаҳои фарҳангии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Мутобиқи тақсимоти вазифавӣ фаъолият ва банақшагирии корҳои идораҳои телевизион ва радиои вилоятӣ, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, Радиои Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – «Баҳористон», Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалӣ ва ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём»-ро роҳбарӣ ва назорат мекунад. Масъалаҳои марбут ба корҳои эҷодӣ, интихоби мавзӯъ барои таҳияи барномаҳо, намоишномаҳо ва ҳамчунин сенарияҳои адабиву мусиқӣ барои истифода дар барномаҳои телевизиону радиоро муайян месозад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми июли соли 2010 ба Амирзода Д. рутбаи тахассусии «Мушовири давлатии дараҷаи 1» дода шуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.