Дуюмин ҷашнвораи ҳарсолаи «ҶИЛО»

Муассисаи давлатии «Телевизиони «Сафина» бо пайгирӣ аз сиёсати фарҳангии давлату ҳукумати кишвар, татбиқи лоиҳаи телевизионии «Ҷило»-ро аз сар гирифт. Ҳарчанд ин лоиҳа аз соли 2012 оғоз гардида буд, вале ин маротиба «Ҷило» дар сатҳи байналмилалӣ ва аз рўи 12 номинатсия доир гардид.

Мақсади баргузории ин лоиҳаи телевизионӣ, саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанг ва санъати форсизабонони дунё буда, ҳадафи дигари он густариш додани равобити фарҳангӣ миёни ҳамзабонон мебошад.

Маросими ҷамъбастии ин озмуни ҷумҳуриявӣ 12-уми апрели соли 2014 дар толори «Душанбе-Плаза» баргузор гардид.

Ҷоизаи «Ҷило-2014» дар равияи «Беҳтарин сарояндаи сол» - Набовар Чаноров сазовор дониста шуд.
Моҳпайкар Ёрова аз ҳисоби бонувон ва Шуҳрат Раҳматуллоев аз мардон «Беҳтарин ҳунарпешаи сол» интихоб шуданд.
Дар равияи «Беҳтарин бонуи сароянда» - Меҳринигори Рустам
«Беҳтарин суруди сол» - Нигина Амонқулова “Муҳаббати ту”
«Беҳтарин клипи сол» - Садриддини Наҷмиддин бо “Гулнор”
«Беҳтарин намоиши театрӣ» - “Шабе дур аз Ватан”
«Беҳтарин барномаи телевизионии сол» - «Сиришт», ТВ Сафина
«Беҳтарин радиожурналисти сол» - Шариф Мисайзод
«Беҳтарин радиобарномаи сол» - «Салом алейкум, диёрам», Радио «Азия-Плюс»
«Беҳтарин ТВ журналисти сол» - Аҳлидини Тоҳир
«Шахсияти маъруфи сол» - Давлатман Холов
«Падидаи сол» - Ясмина Алидодова
«Беҳтарин ситораи форсӣ» - Фарҳоди Дарё
Суруди Нигора Холова «Чашми сиёҳ» ва «Моҳинав» - и Сидиқ Шубоб «Беҳтарин оҳанги Шарқ» эътироф ва соҳиби ҷоизаи «Ҷило» шуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки беҳтаринҳои ҷоизаро худи мардум тариқи SMS интихоб намуданд.

Муаллифи лоиҳа Даминзода Ҳабиба