Суханронӣ дар нишасти матбуотии ШАД СААД

Мӯҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Аз натоиҷи иҷлосияи Шӯрои Амнияти дастаҷамъии СААД изҳори қаноатмандӣ карда, мехостам бигӯям, ки мулоқоти имрӯза қадами нави муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар ҳошияи Созмон, афзун намудани қудрату имкониятҳои он барои мубориза бо хавфу хатар ва ситезаҷӯиҳои ҷиддие гардид, ки ҳамаи мо дучори онҳо мешавем. Баррасии муфассали вазъияти мураккаби ҷаҳон ва минтақаи СААД мавриди мубоҳисаю муҳокимаҳои мо қарор доштанд.
Мо кореро, ки дар давраи раёсати Русия дар СААД анҷом дода шуд, ба дараҷаи баланд арзёбӣ кардем. Тоҷикистон сиёсатеро, ки мақсад аз он такмили механизмҳои мавҷуда ва густариши ҳамкорӣ бо фарогирии соҳаҳои нав аст, идома медиҳад.
Тоҷикистон бархе тадбирҳоеро пеш гирифт, ки бояд доираи мақсадҳоро дар ҳошияи вазифаҳои имрӯз ҳалшаванда васеъ намуда, ба кори муштараки мо қувваю вусъати иловагӣ бахшад. Онҳоро шарикони мо дастгирӣ намуданд ва ҳамаи мо аҳд кардем, ки барои татбиқи муваффақонаи мақсаду вазифаҳои пешгирифта ҳамаи чораҳои заруриро бинем.
Дар баробари ин ба зарурати иҷрои ҳатмии қарорҳои қаблан қабулшуда аз ҷониби ҳамаи аъзои созмон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Мо ният дорем он кори созандаро, ки гузаштагонамон барои рушду густариши равандҳои афзун намудани имконоти Созмонамон ба манзури таъмини ҳаёти бехатару ороми халқҳоямон, ки ҳангоми таъсиси СААД ба ҳайси мақсади асосӣ зикр шуда буд, давом диҳем. Мо ба ҳалли вазифаҳои таъхирнопазири эътинои дастаҷамъӣ ба хавфу хатари мавҷуда, ки мутаассифона коҳиш наёфта, балки тамоюли афзуншавиро доранду мо инро на фақат дар мисоли Шарқи Наздик, балки дар Афғонистони бароямон наздик низ мебинем, таваҷҷуҳ зоҳир менамоем.
Ҳамзамон мо барои ба таври шоиста рӯи кор овардани чорабиниҳо бахшида ба ҳафтодсолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор мекунем.
Тоҷикистон барои афзун намудани неруи сулҳомези СААД, баррасии масъалаи истифодаи самарабахши қувваҳои дастаҷамъи Созмон ҳангоми ҳалли вазифаҳои мухталиф, таҳкими танзими ҳамкории хадамоти наҷотдиҳанда дар ҳолатҳои фавқулодда якҷоя бо шариконаш дар Созмон саъю кӯшиш менамояд.
Мо ҳамчунин аҳд кардем, ки кори алҳол иҷрошавандаро такмил дода, бахшҳои онро дар ҳошияи амалиётҳои ҳарсолаи Созмон, ки натиҷаҳои хуб бахшида ва фоидаи назаррас меоранд, такмил диҳем.
Ин мисоли хуби ҳамкории зичи хадамоти мухталиф аст, ки мо онро на фақат рушд медиҳем, балки мехоҳем дар самтҳои дигари калидӣ низ паҳн намоем. Сабаби қабули Стратегияи зидди фасод то соли 2020 ва бархе қарорҳои дигар, зарурати афзун намудани саъю кӯшишҳо дар самти мубориза бо терроризм, таҷовузи маводи мухаддир, ҷинояткории ашаддӣ, ҷалби шаҳрвандонамон ба сафҳои гурӯҳҳои террористӣ ҳамин аст.
Мехостам ба масъалаҳои ҳоло мубрамтарини мубориза бо терроризм ба таври махсус дахл намоям. Зуҳуроти сершумори ин марази аср на фақат дар минтақаи масъулияти Созмонамон, аз қабили, масалан, ҷинояткории ба қарибӣ дар шаҳри Пешовари Покистон содирнамудаи террористон, балки ҷиноятҳои дар қисмҳои дигари кураи замин, аз ҷумла Аврупо ва Австралияи дурдаст содиршуда чунин ҳақиқати бебаҳсро тасдиқ менамоянд, ки ягон давлат аз ин марази ҷаҳонӣ эмин нест. Мо дар баробари ин мефаҳмем, ки он ҷинояткориҳои даҳшатовари асримиёнагӣ, ки дар Шарқи Наздик, масалан, таҳти парчами ба ном «ҷиҳод» содир мешаванд, бо симои равшани ислом, ки чун ҳамаи динҳои ҷаҳон муборизи роҳи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва тараҳҳум аст, ягон умумияте надоранд.
Бинобар ин мо чунин мешуморем, ки ҷалби шаҳрвандонамон ба ин равандҳои ҳалокатовар ҳамон зуҳуротест, ки на фақат сохторҳои дахлдори мо, балки табақаҳои васеътарини аҳли ҷамъият бояд зидди он мубориза бурда, накӯкориро ба миён орад ва маразу касофатро рад кунад.
Чунин аст вазифаи раёсати Тоҷикистон дар СААД барои давраи пешорӯи яксола. Мо аминем, ки кори мураккаби муштаракамон барои ҳалли онҳо имкон медиҳад, ба мақсадҳое расем, ки Созмон ба хотири онҳо арзи вуҷуд дорад.
Мӯҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Мехостам ин лаҳзаи гувороро барои он истифода намоям, ки шумо - аҳли қаламро бо фарорасии Соли Нав аз таҳти дил муборакбод намуда, ба ҳар кадоми шумо саодатмандӣ, тансиҳатии бардавом ва дар кори барои ҳамаамон душвор ва басо зарур муваффақиятҳои бештареро таманно дорам.