Ифтитоҳи бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Ҷиликӯл ва мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва мардуми ноҳия

Дар фароварди боздид аз ноҳияи Ҷиликӯл Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии онро ифтитоҳ намуда, дар саҳни ҳавлии ин муассиса бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳия мулоқот намуд.
Зимни боздид аз бинои нави беморхона, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо харҷи 4 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шудааст.
Беморхонаи муосир дуошёна ва дорои 56-ҳуҷраи муолиҷавию корӣ буда, дар он шароити хуби муоинаю муолиҷа барои дардмандон фароҳам оварда шудааст.
Ин бинои табобатӣ дорои шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхона ва ташхисгоҳ буда, бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин мебошад.
Чунонки зикр гардид, беморхонаи марказии ноҳияи Ҷиликӯл ба 100 ҳазор нафар сокинони ин ноҳия хизмат мерасонад.
Дар беморхона 30 нафар табибони соҳибтаҷриба ва 142 ҳамшираи шафқат фаъолият мебаранд.
Дар саҳни ҳавлии беморхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногуни мардуми ноҳия мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод.
Зимни суханронӣ ва посухгӯйӣ ба суолу дархостҳои мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияро таҳлилу баррасӣ намуда, барои таъмини рушди минбаъдаи босуботи ин ноҳияи ҷанубии кишвар ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.