Сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз ноҳияи Панҷ оғоз ёфт

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ба минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон сафар кард.
Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Панҷ оғоз ёфт. Роҳбарияти вилояти Хатлону ноҳияи Панҷ ва намояндагони аҳли ҷамоа Президенти кишварро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Нахуст дар маркази ноҳияи Панҷ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи наву муосири Панҷ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусалим Қаландаров дар майдони 20 садяк замин бунёд ёфтааст, мавриди баҳрадорӣ қарор гирифт.
Тавре аён гардид, меҳмонхона дуқабата буда, бо харҷи 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта ва ҷиҳозонида шудааст. Меҳмонхона дорои 26 ҷойи хоб мебошад. Дар ин ҷо 15 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.
Дар ошёнаи якуми бино 7 мағоза барои фурӯши молу масолеҳи гуногун ихтисос дода шудааст.
Соҳибкор Абдусалим Қаландаров соли гузашта ҳудуди 3 километр роҳҳои дохилии ноҳияро мумфарш намудааст ва нақша дорад, ки минбаъд ҳам дар корҳои ободонию созандагии зодгоҳаш саҳми намоён гузорад.
Номбурда ҳамасола дар доираи иқдомҳои накӯкорона ба 80 оилаи ниёзманди ҳудуди ноҳияи Панҷ кумакҳои гуногун мерасонад.
Сипас дар маркази шаҳраки Панҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маркази савдои Файзи Кабир ифтитоҳ ёфт. Бо буридани лентаи рамзӣ ин иншооти бузурги савдо ва хизматрасонӣ расман ба кор дароварда шуд.
Тавре зикр гардид, ин марказ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзиддин Кабиров бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Сохтмони маркази номбурда соли 2012 оғоз гардида, дар зарфи се сол анҷом ёфт.
Бино аз се ошёна иборат буда, дар қабати аввал 12 мағоза барои фурӯши ашёи техникӣ, толори ҷиҳозҳои хона, олами қолинҳо, фиттаю гирдаҳо, атриёту дигар молу масолеҳ ороста шудааст.
Дар ошёнаи дуюми марказ тарабхона бо 100 ҷойи нишаст бунёд гардида, хеле зебо ороиш ёфтааст.
Дар назди марказ ҳамчунин як чойхонаи зебо ба хизматрасонӣ омода аст.
Дар Маркази хизматрасонии Файзи Кабир 30 нафар сокинони шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо кор ва музди хуб таъмин шудаанд.
Соҳибкор мақсад дорад, ки дар оянда бо васеъ кардани иншоот беш аз 100 ҷойи корӣ муҳайё созад.
Дар маркази савдои Файзи Кабир бо ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хатнасури дастаҷамъонаи 100 писарча ва 6 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як писарча бозичаю туҳфаҳои дигари хотиравӣ ва ба навхонадорон асбобу ашёи арзишманди рӯзгордорӣ тақдим намуд.
Дар ҷамоати шаҳраки Панҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як коргоҳи дӯзандагӣ ҳам ба кор дароварда шуд, ки дар заминаи бинои дуошёнаи корхонаи хизматрасонии тиҷоратии ҷамъияти матлуботи ноҳияи Панҷ бунёд ёфтааст.
Тавре зикр гардид, ин корхона солҳои зиёд аз истифода боз монда буд. Кунун баъди тармиму навсозии куллӣ ин бино умри дубора пайдо намуд ва дар он беш аз 25 нафар духтарони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Дар ин коргоҳи дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ ва корӣ барои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тандурустӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҳамчунин либосҳои зебои занона бо ороиши мухталиф ба роҳ монда мешавад. Дар коргоҳ шароити зарурӣ барои омӯзиш ва рушди ҳунарҳои дастии мардумӣ чун гулдӯзию зардӯзӣ муҳайё аст.
Дар ин коргоҳ ҳамчунин ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ имкон дода шудааст, ки пас аз дарс ба омӯхтани касби мазкур машғул шаванд.
Дар як гӯшаи коргоҳ либосворӣ ва дигар ашёи ороишии рӯзгор ба намоиш гузошта шуда буд, ки аз ҷониби занону духтарони ҳунарманди ноҳияи Панҷ бо гулдӯзию зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ оро дода шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба зарурат ва имконоти рушди чунин ҳунарҳои зебои дастӣ чун гулдӯзию зардӯзӣ ва қолинбофии дастӣ, ки аз ҷумлаи ҳунарҳои бостонии мардуми тоҷик буда, то ба имрӯз аз насл ба насл боқӣ мондааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки ба ин васила метавон ҳазорон нафар занону духтаронро дар хонаҳояшон бо кор даромади хуб таъмин кардан мумкин аст.