Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев

Нимаю дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масоили вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарони ҳарду давлат ҳавасмандии худро ба ҳаллу фасли ҳарчи зудтари масоили баҳсноки марзӣ дар минтақаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвогарона таъкид доштанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дӯстию бародарии анъанавии мардумони тоҷику қирғиз ҳифз гардида, минбаъд низ ба нафъи ҳарду давлати ҳамсояи дорои манфиатҳои муштарак ва шароити ба ҳам наздик хизмат хоҳад кард.
Ҳавасмандии ду ҷониб ҳамчунин ба рушди ҳамгироии минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноати кӯҳӣ ва дигар бахшҳо, ки барои ҳурду кишвар аҳамияти стратегӣ доранд, таъйид гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои муносиботи минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯй сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон аз Алмазбек Атамбоев даъват намуд, ки дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват пазируфта шуд.