А.Отамбаев: Афзоиши экстремизми динӣ хатар барои Осиёи Марказист

Зимни суханронӣ дар ҳамоиши васеи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай 12 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Отамбаев зикр намуд, ки авҷ гирифтани экстремизми динӣ ва хатари вуруди гурӯҳҳои террористӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин хатари афзоиши интиқоли маводи мухаддир дар минтақа аз мушкилоти асосии минтақа боқӣ мемонанд ва давлатҳои минтақаро зарур аст ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд.
“Мо чунин меҳисобем, ки танҳо сатҳи баланди ҳамкорӣ, ташкили корҳои мақсаднок ва дастаҷамъона миёни иштирокдорони СҲШ метавонад бар зидди чунин зуҳурот монеаи ҷиддӣ гардад” , - таъкид намуд Алмазбек Отамбаев зимни суханронӣ.