Қабули Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои СҲШ

Пас аз анчоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 12 сентябр аз чониби сарони давлатҳои аъзо Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тартиби додани мақоми давлати узв, Стратегияи рушди созмон то соли 2025 ва дигар санадҳо ба имзо расиданд.
Маврид ба зикр аст, ки санадҳое, ки дар ин ҳамоиш мувофиқа шуда, аз ҷумла қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон ва тартиби додани мақоми давлати узв, барои қабули аъзои нав ба Созмони ҳамкории Шанхай роҳ мекушоянд. Дар сурати қабул щудани давлати дигар ба узвияти ба СҲШ ин Созмон на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон нуфуз ва эътибори хоса касб мекунад.
Бояд гуфт, ки aз ҷиҳати геостратегӣ иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ба СҲШ на танҳо давлатҳои дар маҷмӯъ ҳаммарз аъзоянд, балки ду давлати дорои неруи ҳастаӣ ва аъзои доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид - Русия ва Чин шомили он мебошанд. Аз тарафи дигар ин на танҳо таҳкурсии бунёди низоми амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, балки дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором низ ба шумор меояд.

АМИТ «Ховар»