Н. Назарбоев: Масъалаи марзӣ миёни давлатҳои аъзои СҲШ муҳимтарин аст

Дар ҷараёни ҳамоиши васеи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зимни суханрониаш як силсила масоили муҳимро номбар кард, ки ҳалли онҳо бояд дар шароити ноустувори ҷуғрофиёи сиёсӣ ва вазъи ҷуғрофиёи иқтисодии ҷаҳон ҳадафи афзалиятноки СҲШ гардад.
Н. Назарбоев масъалаи мушкилоти марзиро миёни давлатҳои аъзои СҲШ муҳимтарини онҳо номид. Ӯ инчунин изҳор дошт, ки таъмини амнияти озуқаворӣ самти муҳими ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ ба шумор меравад.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон илова намуд, ки масъалаи норасоии об омили асосии таъсир ба субот ва амнияти минтақа маҳсуб мешавад. Дар робита ба ин Н. Назарбоев изҳор намуд, ки пешниҳоди ҷониби Қазоқистон дар бораи таъсиси Кумитаи об метавонад механизми амалии ҳамкорӣ дар ҳалли ин мушкилот гардад.

АМИТ «Ховар»