Ташрифи Ислом Каримов ба Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 11 ва 12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, пас аз зуҳри имрӯз вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.