Созмони ҳамкории Шанхай ва дастовардҳои Тоҷикистон

Даҳаи аввали асри 21 –ум шоҳиди дигаргуниҳои куллии сиёсию амниятӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷаҳон ба шумор меравад. Зеро имрӯз, ки ҷомеаи инсонӣ дар рӯ ба рӯи таҳдидҳо ва тағйирпазириҳо рӯҳиву равонӣ қарор дорад, давлатҳои ҳаммарзу ҳампаймон ва дорои мушоракат ва ҳамкориҳо хуб дарк намудаанд, ки ҳамгироиву ҳамшарикӣ метавонад, баъзе аз мушкилот ва қазияҳоро бартараф намояд.
Бояд гуфт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷумлаҳои он созмонҳои минтақавию ҷаҳонист, ки маҳз барои ҳамкориву ҳамгароӣ ва ҳалли қазияҳои меҳварии давлатҳои ҷануби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқи Шарқи ҷаҳон таъсис ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои оғози ҳамкорӣ ва узвияти худ дар Созмони Ҳамкории Шанхай тавонистааст, ки дар мавқеи стратегию геопалитикии худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад ва мавриди эътироф ва ҳамоҳангии давлатҳои минтақа ва ҷаҳон қарор бигирад. Донишмандону коршиносон ба он ақидаанд, ки Тоҷикистон худ яке аз муассисони боризи Созмони Ҳамкории Шанхай ва пурташаббустарин давлати меҳварии ин созмон ба шумор меравад.
Имрӯз, ки дар гузаргоҳи равандҳои пурпечу тоби идеологӣ ва рангини ҷаҳон сиёсатҳои бесубот ба чашм мерасанд, баҳри ҳалли мушкилоти сиёсию амниятӣ Созмони Ҳамкории Шанхай мавқеи калидӣ дошта, суботу оромии минтақа ва қаламрави ҷуғрофии худро бечуну чаро метавонад, таъмин намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз узвияти комил ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар меҳвари равобит ва ҳамкориҳои самарабахш ба дастовардҳои илмию фарҳангӣ, низомию амниятӣ, энергетикию имфрасохторӣ ноил гардид, инчунин дар ин замина, масоили таърихии вобаста ба манотиқи сарҳадии Тоҷикистону Чин ва дигар кишварҳои қаламрави ин Созмон ҳаллу фасл гаштанд. Дар ин доира низ ҳамкориҳои стратегӣ ва инвеститсионии Тоҷикистону Чин ба қуллаи садои худ расид.
Чеҳраи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рушду тавсиаи воқеии Созмони Ҳамкории Шанхай аз нигоҳи сиёсию иқтисодӣ ва идеологӣ мавқеӣ мушаххасро ба даст овардааст, дар ҳастию мавҷудият ва камолоти ин созмон комилан як чеҳраи калидӣ мебошад.
Шинохти инсон ва фароҳамории зиндагии беҳтар ва бидуни ҷангу ҷудоӣ яке аз ғояҳои асосии Созмони Ҳамкории Шанхай аст, ки Президенти Тоҷикистон аз ибтидои марҳилаи таъсисёбии ин созмон то ба имрӯз барои наҷоти минтақа ва рушду тавсеаи иқтисодию саноатӣ ва энергетикию фарҳангии он баромадҳо намудааст, ки бозгӯи инсонгароёна будани андешаҳои Сарвари давлати Тоҷикистон аст.
Сохтори асосии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар соли 2001 –ум ташкил ёфт. Тоҷикистон дар ин гузаргоҳ дар фазои геопалитикӣ ва геостратегии минтақа шуҳратёр гашт ва сухани Тоҷикистон аз минбари ин созмони ба сухани ҳалкунандаи ин ё он масоил табдил ёфт.
Дар робита ба ҷаҳонӣ будани ҳадафҳо ва вазифаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар доираи имзои созишномаҳои муштараки иқтисодию саноатӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои саноатию энергетиқӣ ва иншои роҳу пулҳои замонавӣ ноил гашт, ки ин ҳам маҳсули ҳамкориҳо ва муносибатҳои самарабахш ва дӯстонаи Созмони Ҳамкории Шанхай бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Имсол тибқи баррасиҳои котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай мизбонии силсилаконфронсҳои илмию назариявии ин созмонро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар ба ӯҳда гирифтааст ва дар ин замона то имрӯз якчанд конфронс ва ҳамоишҳои аҳаммияти минтақавию ҷаҳонӣ дошта бо иштироки васеи масъулони амниятӣ, низомӣ, дифоӣ, фарҳангию иқтисодӣ ва энергетикии ин Созмон дар Тоҷикистон баргузор гашт, ки ҳамаҷониба мавқеи мизбонӣ ва роҳбарии Тоҷикистонро дар таҳкими ин созмон мушаххас намуд.