Машварати корӣ бо фаъолони вилояти Суғд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир намуд.
Зимни машварат, ки бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҷараён гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро дар 7 моҳи соли равон таҳлил намуда, роҳҳои ҳалли мушкилот ва бартарафсозии монеаҳои мавҷударо мавриди баррасӣ қарор дод.
Чунонки зикр гардид, солҳои охир дар вилояти Суғд садҳо иншооту корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, ҳазорҳо гектар боғу токзори нав бунёд гардид ва шаҳру ноҳияҳо тадриҷан ободу зебо мешаванд. Ҳамаи ин ташаббусу ободкориҳо, албатта, ба сатҳу сифати зиндагии мардуми вилоят таъсири мусбат доранд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки бо вуҷуди шароити номусоиди обу ҳавои имсола ва вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки дар ҳафт моҳи соли равон фаъолияти худро дар доираи стратегияҳои рушд ва барномаву нақшаҳои қабулгардида ба роҳ монда, тамоюли мусбати рушди иқтисоди миллӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва уҳдадориҳои иҷтимоиро таъмин намояд. Аз ҷумла, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳафт фоиз ё худ ба андозаи 2,7 миллиард сомо¬ни афзудааст. Ба ҳолати аввали моҳи август иҷрои буҷети давлатӣ ба андозаи 102,7 фоиз таъмин гардида, ба он зиёда аз ҳафт миллиард сомонӣ ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 186,1 миллион сомонӣ ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта 862,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар баробари ин ҳамчунин зикр гардид, ки агарчи дар ин давра рушди умумии иқтисоди миллӣ таъмин карда шудааст, вале суръати рушд дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби соҳаҳои саноату кишоварзӣ, савдои чакана ва хизматрасонӣ 0,5 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Таъкид гардид, ки ба чунин ҳолат натанҳо вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ, балки фаъолияти ҳамарӯзаи мақомоти давлатӣ барои иҷрои саривақтиву сифатноки вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоршуда сабабгор аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо вуҷуди афзоиши ҳаҷми маҷмӯи умумии маҳсулот дар вилоят ҳиссаи истеҳсоли мол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки дар қаламрави вилоят дар ин давра 72 корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ кардааст.
Барои ин ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастур дода шуд, ки якҷо бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияи нав ва Агентии омор масъалаи зикршударо мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, аз натиҷаи он ба Ҳукумати мамлакат гузориши муфассал пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин супориш дода шуд, ки бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳон, минтақа ва кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят яқҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоятро барои солҳои минбаъда бо дарҷи имкониятҳои суръат бахшидани он таҳия намуда, ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.
Тавре зикр гардид, нақшаи даромади буҷети вилоят барзиёд иҷро гардидааст, аммо иҷрои босифати он пурра таъмин карда нашудааст. Масалан, нақшаи андоз аз арзиши иловашуда иҷро нагардидааст, ки аз ин ҳисоб буҷети вилоят дар ҳаҷми 8,1 миллион сомонӣ зарар дидааст. Ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки қисми зиёди амалиёти хоҷагидорӣ бо ҳисоботи оморӣ ва андозбандӣ фаро гирифта нашудааст.
Аз ин хотир, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва Агентии омор супориш дода шуд, ки барои беҳтар намудани низоми ҳисобдорӣ дар кишвар пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Зикр карда шуд, ки барои дастгирии фаъолияти соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 7 моҳи соли равон зиёда аз як миллиарду 72 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 270 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар баробари ин, изҳори таассуф карда шуд, ки дар истифодаи сарфакоронаву мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд.
Барои афзун намудани ҷойҳои нави корӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастур дода шуд, ки таъсиси корхонаҳои нав ва васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои амалкунандаро таҳти назорат қарор дода, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин самт чораҳои муассир амалӣ намоянд.
Дастуру супоришҳо ҳамчунин доир ба татбиқи босифати лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ, корхонаҳои коркарди дигар маҳсулоти кишоварзӣ, вусъат додани кишти такрорӣ ва бунёди боғу токзори нав ва дигар корҳои судбахш дода шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳаҷми маблағгузории соҳаи маорифи вилоят дар соли равон ба 522 миллион сомонӣ расида, афзоиши он 60 баробари ин нишондоди соли 2000-умро ташкил додааст. Танҳо аз аввали соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 7 мактаби замонавӣ бунёд гардида, қариб 4000 ҷойи нишаст фароҳам оварда шудааст.
Дар баробари ин, таъкид гардид, ки роҳбарону фаъолони вилоят ва дар навбати аввал, кормандону масъулони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон, аҳли зиё ва умуман ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки ба хотири пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, хусусан байни наврасону ҷавонон кӯшиш карда, нерӯи онҳоро ба самти омӯхтани илму дониш, азхуд намудани касбу ҳунар ва созандагиву бунёдкорӣ густариш диҳанд ва нисбат ба ҳама гуна зуҳуроту падидаҳои барои миллати мо бегона муҳити оштинопазир фароҳам оварда, дар ин раванд ба тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва худшиносиву худогоҳии миллӣ эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳамчунин доир ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, суботу оромӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, терроризму экстремизм ва дар баробари ин фароҳам овардани шароити хуби хизмат дар қисмҳои низомӣ, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва мунтазам хабар гирифтан аз аҳволи хизматчиёни ҳарбӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҷлили 23 - солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 20-солагии Конститутсияи кишвар ва Суруди миллӣ ба тақвияти ҳифзи ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва таъриху фарҳанги пурғановату омӯзандаи ниёгони сарфарози мо дар миёни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон, мусоидати фаъол мекунад.
Сипас ахбори Раиси вилоят Абдурраҳмон Қодирӣ шунида шуд. Тавре зикр гардид, пас аз фаъол шудани корхонаи қолинбофии дастии Шероз ва ҷорӣ намудани ин таҷриба дар хонаҳои аҳолӣ 900 ҷойи нави корӣ, ба хусус барои занону духтарон муҳайё карда шуд.
Тибқи ҳисобот, ҳосилнокии аксари зироатҳо ғайр аз ғалладонагиҳо дар вилояти Суғд зиёд карда шудааст.
Омодагӣ ба кишти тирамоҳии ғалладона ҳамаҷониба оғоз ёфтааст. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки танҳо тухмиҳои хушсифат корида, аз заминҳои обӣ на камтар аз 50 сентнерӣ ҳосил рӯёнанд. Барои ин аз ноҳияҳои Данғара ва Исфара тухмиҳои хушсифати серҳосил дастрас карда мешаванд.
Зимни гузориши раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров, ба ӯ аз ҷумла супориш дода шуд, ки майдони кишти картошка дар заминҳои ин минтақа ба 3 ҳазор гектар расонда шавад.
Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони сохторҳои дигари ҷумҳуриявию маҳаллӣ дода шуд.