Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

26.07.2014  шаҳри Душанбе
Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи фаъолияти Бонки исломӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳимоя, дастгирии давлатӣ, бартараф кардани монеаҳои садди роҳи соҳибкорӣ ва рушди устувори соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, барои пешрафту таҳкими соҳаҳои мазкур шароити мусоид фароҳам месозанд.
Бо ин мақсад дар қонунҳои мазкур тартиби ташкили хизматрасонии босифат ва касбӣ ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис тавассути дастгирии методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ, омӯзишӣ ва ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҳуқуқии соҳибкорон, ташкили ҳамкории субъектҳои соҳибкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷорӣ намудани хизматрасонии алтернативии бонкӣ, содда гардонидани тартиби ба гарав гузоштани амволи манқул ва ҳалли дигар масоили фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ муайян гардидааст.
Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2013 қабул гардида, асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти судҳо, тартиби интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани судяҳо, инчунин дигар муносибатҳоро вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо танзим менамоянд.
Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба такмили қонунгузории амалкунанда дар самти интихоботи вакилон равона гардида, тартиби пур кардани варақаҳои овоздиҳӣ, тартиби баррасии муроҷиати интихобкунандагон дар комиссияҳои интихоботӣ ва суд, баробарҳуқуқӣ дар мавриди истифодаи воситаҳои ахбори омма ва вохӯрӣ бо интихобкунандагон, инчунин дигар масъалаҳоро мушаххас гардонидаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» таҳия ва қабул гардида, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, ба тақвияти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон нигаронида шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» қонуни нав буда, намудҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин асосҳои ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани онҳоро муқаррар менамояд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ» ва «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» низ маротибаи аввал қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ, фаъолияти ратсионализаторӣ ва пешбурди хоҷагии шикор, инчунин дигар муносибатҳоро вобаста ба самтҳои мазкур мушаххасан танзим менамоянд.
Қонунҳои мазкур ва дигар қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, дастгирии соҳибкорӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилоту идораҳо, ҳифзи сиҳатии омма, инчунин пешрафту инкишофи дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешаванд.

www.president.tj