Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо андӯҳи бузург хабари садамаи фоҷиабори тайёраи мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Алҷазоирро дар наздикии шаҳри Гаои Ҷумҳурии Малӣ, ки муҷиби марги теъдоди зиёди мусофирон гаштааст, дарёфт намудам.
Бо ибрози таъзия ва тасаллияти бародарона ба мардуми Ҷумҳурии Франсия, хоҳишмандам ҷаноби Президент, ҳамдардии инҷониб ва халқи Тоҷикистонро ба хонаводаҳои ҳалокшудагон бирасонед».