Барқияи тасаллият ба Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр Клаус Георг Фердинанд

18.07.2014. шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр Клаус Георг Фердинанд барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Аълоҳазрат,
Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар қаламрави Украина, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони Нидерланд гардид, моро сахт ғамгин намуд.
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба халқи дӯсти Шоҳигарии Нидерланд бо ин талафоти бузург баён намуда, ба наздикони қурбоншудагон тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам».

www.president.tj