Барқияи тасаллият ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

16.07.2014 10:43, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Муҳтарам Владимир Владимирович,
Аз хабари фоҷеа дар метрои Москва, ки дар натиҷаи он қурбониҳои ҷонӣ ва захмӣ шудани одамони бисер ба вуқӯъ пайваст, сахт ғамгинам.
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам, ки тасаллияти самими моро ба ақрабо ва пайвандони фавтидагон, ҳамчунин таманнои ба зудӣ сиҳатёбиро ба ҳамаи ҷабрдидагон бирасонед».

www.president.tj