Машварати корӣ бо роҳбарону коршиносони соҳаи энергетика

12.07.2014 10:13, шаҳри Душанбе
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони соҳаи энергетика ва олимону коршиносон доир ба омодасозии шабакаҳои энергетикӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 машварати корӣ доир намуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмиру тармим ва нигоҳубини дурусту саривақтии воситаҳои техникии шабакаҳои барқӣ, захираи фаровони маводи сухт, аз ҷумла мазут, ангишт ва гази моеъ зоҳир карда шуд.
Баррасии рафти иҷрои стратегияи таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, истифодаи технолигияҳои каммасрафи барқӣ ва роҳҳои паст кардани талафоти технолигии нерӯи барқ низ аз мавзӯъҳои асосии машварат буд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба ҷоннок намудани корҳо ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.


www.president.tj