Филмҳои ҷадиди Тоҷикфилм

Имрӯзҳо дар Каностудяи давлатии Тоҷикфилм наворбардории чанд филми ҳунарӣ шурӯъ гардидааст. Аз он ҷумла, филми ҳунарии «Муаллим» дар режиссиёрии Н.Саидов, дар Зиддӣ ба навор гирифта мешавад.
Филми дигар бо номи «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф», ки дар деҳаи Вешабини ноҳияи Айнӣ наворбардорӣ мегардад. Режиссиёрии  филми мазкур Б. Сайфиддинов  ба ӯҳда дорад.
Наворгирии силсилафилми ҳунарии «Як ҷаҳон аз ману ту» дар режиссиёрии М. Сатторӣ ба пуррагӣ анҷом гирифт, ки рӯзҳои наздик манзури тамошобинон хоҳад гардид.