Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовинони раис, кормандони масъули дастгоҳ ва сохторҳои кумита иштирок намуданд. Нахуст Раиси Кумита ҳозирин ва дар симои онҳо кулли кормандони соҳаро бо ҷашни фархундаи 30-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар иҷрои масъулияти муҳимашон устуворӣ, садоқатмандӣ ва комёбӣ таманно кард. Зикр шуд, ки дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва илмию фарҳангӣ мушарраф шуд.

Пеш аз ҳама, заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа ва давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ гузошта шуда, устувории онҳо таъмин гардиданд. Яъне, дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, сарфи назар аз мушкилиҳои мавҷуда, заминаҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ гузошта шуданд ва онҳо имкон медиҳанд, ки рушди босуръати ҷомеа минбаъд низ таъмин гардад.

“Бо вуҷуди мушкилот ва буҳронҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, -изҳор намуд Саид Нуриддин Саид, - дар ҷаҳон телевизион ва радиои Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи муқтадири идеологии давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар соҳаҳо ба пешравиҳои зиёд ноил гардид, ки таъсис ва ба фаъолият оѓоз намудани  шабакаҳои нави телевизиону радио ва марказҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизудалии давлатию хусусӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ҳоло дар мамлакат 94 шабакаи телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла 14 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 34 телевизион (аз ин 13 телевизиони ноқилӣ,   3 телевизиони IP) ва 21 радиои хусусӣ, инчунин, 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият дорад”.
Зимни баромад Раиси Кумита, бо таваҷҷуҳ ба вазъи зудтаѓйирёбандаи ҷаҳони муосир, афзуд, ки фаъолияти шабакаҳои телевизионии мамлакат бояд беш аз ҳарвақта тақвият дода шавад, зеро дар замони имрўза муборизаву рақобатҳои иттилоотӣ, ки ҳосили ҷараёни ҷаҳонишавӣ мебошад, ҷойи дигар рақобатҳоро гирифтааст. Яъне, имрўз ҳар давлат ё миллате, ки дар муборизаҳои иттилоотӣ пирўз меояд, дар раванди ҷаҳонишавӣ манфиатҳои давлату миллати худро ҳимоя карда метавонад. Ин моро водор месозад, ки аз ҳар вақти дигар ҳушёртар бошем, вазифа ва масъулияти худро содиқона иҷро намоем.
Сипас як қатор кормандони эҷодию техникии сохторҳои Кумита барои саҳми арзанда ва хизматҳои шоён дар рушду нумӯъи телевизион ва радио, тарғиби ғояҳои ватанпарастию ҳуввияти миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлолияти ватани маҳбубамон ва пешгирии ифротгароиву хурофотпарастӣ тавассути барномаву гуфторҳои пурмазмун бо унвони “Аълочии телевизион ва радио”, ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.