Ҳайати 350-нафараи аҳли фарҳанги Туркманистон ба Тоҷикистон омад

Шоми 14 октябр ҳайати  350-нафараи аҳли фарҳангу эҷоди Туркманистон ҷиҳати иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги ин мамлакат ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар истгоҳи роҳи оҳани  Душанбе ҳайати фарҳангиёни Туркманистонро намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон зери навою мусиқӣ бо нону намак истиқбол гирифтанд.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аҳли фарҳангу эҷоди Туркманистон бо барномаҳои рангини консертӣ ҳунарнамоӣ менамоянд.

Шоми имрӯз дар муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт  бо иштироки аҳли фарҳанг маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон оғоз ёфта, барномаи калони консертӣ бо иштироки устодони санъати Туркманистон ва намоиши ҳунармандони минтақаҳои гуногуни ин мамлакат баргузор мегардад.

АМИТ «Ховар»