Қатораи дӯстӣ ба Самарқанд расид

Нахустқатораи масири Душанбе-Тошкент-Душанбе ба вилояти Самарқанд расид. Дар ин бора ҳамкорамон Тоҷиддини Ризвон иттилоъ дод.

Ба зикри мухбири мо, аз намои зоҳирӣ ва навиштаҷоти “Хуш омадед” дарҷшуда дар он зоҳиран бо як самимияти тамом дар интизори меҳмонони кишвари мо буданро ифода менамуд.

“Ҳангоми расидан ба ин вилоят дар истгоҳи шаҳр ҳайати меҳмонон ва мусофирони дохили қатораро дар фазои дустӣ ва дар пасманзари садои карнаю сурнай мизбонон аз ҳисооби масъулини вилоят пешвоз гирифтанд.

Хабарнигорон аз ТВ “Самарқанд” бо мусофирону меҳмонон суҳбат оростанд. Мухбирон бо мусофирону меҳмонон аз ғояти шодӣ бо забони ноби тоҷикӣ суҳбат мекарданду бо эҳсоси шодию фараҳ «Ба шаҳри худатон хуш омадед» мегуфтанд.

Ҳамсуҳбатони самарқандӣ аз кушодашавии сафҳаи нави дӯстӣ дар китоби кишвардори ду давлат ҳамчун фоли нек барои мардумони ду кишвар изҳори умед карданд. Сафари мазкур идома дошта, анҷоми масир шаҳри Тошканд муқаррар шудааст.

Манбаъ: Сомонаи Радиои Точикистон